Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

нагуфтам. Зеро аз бағалам тарбуз афтиду умедам аз суханҳои подарҳавои раиси шаҳр барбод гардид. Ман ҳам чизи дигар нагуфтаму бо дили пур аз ғам аз қабулаш мураххас шуда, баромадам.

Раиси шаҳр мебоист ин ибтикори маро дастгирӣ менамуд. Даргоҳи тифлаконро дар обод кардан ҳамдастӣ менамуду номашро дар саҳифаи таърих бо қалами нек ишора месохт. Аммо, боз ҳайҳот...!

...Сипас бо супориши прокуратура парвандаро барои таҳқиқ ба ШКД-и шаҳри Исфара гузарониданд. Парвандаро Сардори шуъбаи тафтишотӣ Файзуллоев ба даст гирифт. Ҷиҳатҳои тафтишу тадқиқро муфаттиш Азизов ба дӯш дошт.

Сардори шуъба Файзуллоев марди миёнақади мӯйзард ва сурхинаруй буда, Азизов як ҷавонмарди қоматдори ситорагарм буду чашмони ҳамеша андешаманд дошт. Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки барои табобатам аз марказ доштам пешниҳод кардам.

Бо ин ҳама, чаро алайҳи ман парвандаи ҷиноӣ боз шуд, бароям маълум набуд. Сабаби асосиро ман дар ташрифам ба КОМ медидаму бас. Дигар ягон далели асосии бозшавии парвандаро касе ба ман на шарҳ доду на тавзеҳ.

Ба ин хотир, тафтишгарон дар ҳайъати бухгалтерияи маориф, шуъбаи молияи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара корро аз ҳуҷҷатгузории кӯдакистон ва моликияти ин даргоҳ оғоз карданд. Боз бо сарсониҳои дигари зиндагӣ печидам. Таҳқиқи парванда 11 моҳи расо тӯл кашид, ин даврро ман чун пештар сарсониҳоям бо ҷигари хуну фишори баланд ва номунтазам кор кардани дилам паси сар намудам.

Гӯё ман аз кӯдакистон ягон моликияташро ба хонаам кашонида бошам, ҳама нуқтаро мӯ ба мӯ диданду санҷидану тафтиш карданд. Аммо ягон иллати фишангие ёфт нашуд. Ягон ҷурме пайдо нагардид, ки мӯҷиби ба додгоҳ кашидани ман шавад.

Ҳар замон муфаттиш маро ба ҳузураш даъват мекард, аз чашмонаш мехондам, ки афсӯс мехӯрад. Ҳеҷ чиз намегӯяду як оҳи пурдарди маънидорона мекашад. Зеро пайхас кардам,

пешина
аз 385
навбатӣ