Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ӯ низ аз воҳимаҷӯии ҳангомапарастон нафраташ омада, дар қаҳр аст. Чунки ягон гуноҳи асосие набуд, ки ман мубтакираш бошам. Онҳо низ аз паи ин парванда вақти қиммати худро бохтанд.

Аз ин қазия устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва сардори шӯъбаи ҳуқуқ Сангиновро тавассути телефонӣ огоҳ карда будам. Ниҳоят натиҷаи пурсиши санҷишҳо бо хубӣ анҷом ёфт. Яъне дузд, ғоратгари моликияти давлатӣ, дар ҳуҷҷатгузориҳо сохтакорӣ, вайронкунандаи тартиботи корӣ, сӯиистифода аз вазифа ва ғайраҳо аз ҷониби ман-мудири кӯдакистони №31 рух надода будааст. Охири моҳи марти соли 2000 парвандаи ҷиноятии ман аз ҷониби ШКД қатъ гардид. Ин ҳама сарсону саргардониҳо сабаб шуд, ки ман натавонистам, суратҳисоби кӯдакистонамро дар бонки давлатӣ кушоям, он маблағи хайрхоҳонаи дӯстонаи олмониро гирам ва бо табъи дил ва аз рӯи талаботи стандартӣ кӯдакистонро таъмир кунам, сифати беҳтарини таълиму тарбияро ба роҳ гузорам.

Аммо 11 моҳи даву ғаҷи бемаънӣ дар дилам доғ монд. Бояд як чизро тазаккур диҳам, ки дар нимаи тафтишоти парвандаи ман яке аз муфаттишон бо сабаби ба дигар ноҳия ба кор гузаштан, аз Исфара рафт. Ӯро баъди чанд муддат дар Хуҷанд дидам, ки маро диду аз ҳолам пурсид. Баъди радду бадали якчанд сухан ӯ аз парвандаи ҷиноие, ки алайҳи ман боз шуда буд, ҳарф ба миён овард. Бисёр афсӯс хӯрд, ки он гоҳ ба ман ҷабр кардаанд.

  • Ҳама айбу иллат дар нотавонбинии баъзе аз занҳои ҳукумати шаҳри худатон аст, ҳоҷиоя, - ӯ фикрашро бо ин ҷумлааш мухтасар баён карду монд.

Пайдоям шуд, ки ин кор на бо фармони боло, балки бо ишораи баъзе аз занҳои ғаразҷӯву бадтинати ҳукумати шаҳри Исфара сурат гирифта будааст.

Равуои ман ба даргоҳи КОМ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба чашми ҳасудон машкуку шубҳаовар тофтааст, ки аз паи навиштани боз сияҳномаи дигар шудаанд. Ҳол он ки президенти кишвар Э.Раҳмон дасти дӯстӣ ба мухолифин доду онҳоро

пешина
аз 385
навбатӣ