Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

дигар "мухолифин" номиданро ҳатто манъ кард. Гуфта буд, ки ҳама мо як бародару як хуну як миллатем. Бо вуҷуди ин ҳанӯз афроди кӯрдилу кӯрчашму кӯрқисмат буданд, ки сиёсати пешгирифтаи Президентро дидан намехостанду ба ҳама гуна аъмол аз тарафи чап баҳо медоданд.

Таъмир нашудани боғча, ба суратҳисоби кӯдакистон нагузаштани маблағи кӯмаки башардӯстонаи Олмон, фишору тазйиқ ва давуғеҷҳои парвандабозӣ паси сар шуду бо ин сабабҳо дилам барои давом додани вазифаам сард гардид.

Охир аламам мекунад, ки тӯли солҳои 1996-1997 бо даву този зиёд ва муроҷиатҳои якчандкаратаи ман бевосита раёсати заводи оҳану бетон, заводи спиртбарории шаҳр ва кооперативи "Пламя" як қисми таъмир ба субут расонида шуд. Дар натиҷа болои бом мумпӯш шуд. Фарши долони кӯдакистон ва дару тирезаҳо куллиан дигар шуданд. Ҳатти гази табиӣ бошад бо кӯмаки бевоситаи шавҳарам гузаронида шуд.

Бо кӯмаки заводи "Заря Востока"-и шаҳраки Табошар ба рӯи фаршҳо линолеум зеб бахшида шуда, бо кӯмаки комбинати қолинбофии Қайроққум ба 6 гурӯҳ қолинҳои нав ва ба долон қолини пояандозии нӯҳ метра тӯҳфа гардид.

Бо пардаҳои зебои замонавӣ кулли тирезаҳои кӯдакистон оро дода шуда, бо кӯрпачаҳои нави нарм пурра таъмин гардид, ки дар ин ҷода кӯмаки комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ва баъзе аз волидон назаррас аст. Бар замми ин зиёда аз 200 бех ниҳоли мевадиҳанда ба ҷои тутҳои беҳосил шинонида шуд, ки аз ҳисоби хайрхоҳон ин амал ба сомон расонида шуд. Аммо бар ивази чунин ибтикори созандаи ман даву този прокуратураву шӯъбаи корҳои дохилӣ ва муносибати бади ҳукумат пеш омад.

Ғайратам тамоман барҳам хӯрд, дигар ба кор баромаданро нахостам. Гарчанде, ки мариз ҳам шудам, ба табобатгоҳ нарафтам, ба ҷои варақаи беморӣ аввал рухсатии меҳнатиамро истифода бурда, баъдтар аз рухсатии бемузд истироҳат кардам.

Охири моҳи апрел буд. Дар хона андармони мутолиаи

пешина
аз 385
навбатӣ