Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

барои ташхис додани он нафар ба паҳлӯ гаштам. Дарҳол ҷавонеро дидам, ки донишҷӯнамо буду тақрибан ҳамсоли фарзандам Ҳамидуллохон будааст.

Дарҳол ӯ салом гуфту ба муошират пардохт. Гумон кардам, ки яке аз дӯстони писарам аст. Аз ин рӯ пурсидам:

  • Шуморо нашинохтам, дӯсти писарам Ҳамидуллохон ҳастед?

Ба чеҳрааш назар кардаму маълумам шуд, ки ҷавон бо омодагии пухта ва супориши касе пешам омадааст. Ӯ низ лоқайдона:

  • Ман писари шуморо намешиносам, - андак гашти мавзӯъро дигар карду, - шумо холаҷон ба ман гӯед, ки чанд фарзанд доред? - якбора чунин суолгузорӣ маро ба ҳайрат гузошт.

  • Шукри худо ду писару як духтар, - ба чеҳрааш синча карда назар дӯстам, то фаҳмам, ки бо чӣ мақсаде пешам омадааст.

  • Ҳамаашон ба хонаву дар? - гӯё чун муфаттиши прокуроре суоли дигар зам кард.

Ҳайратам бештар афзун шуду бо вуҷуди ин барои бештар маълумот ба даст овардану кӣ будани ин ҷавон посух додам.

  • Бале, писари калониам оиладору ду фарзанди дигарам ҳанӯз дар донишгоҳ мехонанд. Аммо шумо гӯед, ки чӣ каседу бо чӣ мақсаде пешам омадаед? - ман низ худро комилан ба даст гирифта суол додам.

Ҷавон ҳам гӯё нотарсии худро нишон доданӣ шуд, мижааш ҳам нахӯрд.

  • Гапа гӯш кунед, холаҷон. Ман як нафар дӯсти ношиноси хайрхоҳи шумоям. Ҳамин шукри бачаҳоятонро кунеду аз баҳри ин саҳна бароед. Агар хоҳед, амнияти хонаводаатон зараре набинад, беҳтар ин ки аз ин саҳна дур шавед.

Маро "саҳнаҳо"-и гуфтаи ин ҷавон ба ҳайрат бурд.

  • Кадом ва чӣ хел саҳна?

  • Худро ба нодонӣ назанед. Ҳанӯз ҳама хонаводаатон солиму зиндаанд, ин лаҳзаро ғанимат донеду аз кори пеш гирифтаатон бароед. Беҳуда зӯратон намерасад, - гуфтани ин ҷавон пайдо кардам, ки ӯ таъсиси ҷамъиятро дар назар доштааст.

пешина
аз 385
навбатӣ