Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ба ҷои он ки битарсаму кӣ будани таҳдидкунандагонамро бо зориву тавалло аз ӯ пурсам, баръакс худро ба даст гирифтам. Рост ба чашмони он ҷавон назар кардаму:
-Ман шуморо пурра гӯш кардам. Писарам, шумо ҳам гапи маро гӯш кунед. Шояд шумо ҳамсоли фарзандони ман бошеду шояд ман аз модари шумо ҳам калонсолтар бошам. Аз ин рӯ, ба он нафаре, ки шуморо фиристодааст, то маро битарсонед, рафта ҳатман расонед, ки ман аз ҳеҷ кас ба ҷуз аз Худо наметарсам. Ба он каси фармоишгаратон гӯед, ки Муноҷотхон ду гурда не, чор гурда доштааст, аз ҳеҷ кас наметарсад. Агар сари ман ё фарзандони ман ҳодисаи нохуш, ана бигзор марги иҷборӣ ояд ҳам наметарсам. Зеро, чунин марг рӯзе ҳатман ба сари он нафаре, ки шуморо фиристодааст ва ба сари шумо низ меояду халос. Бори дигар мегӯям, ман аз ҳеҷ кас наметарсам ва аз роҳам бо ҳеҷ ваҷҳ намегардам, вассалом!
Тавре ин ҳарфҳоро ба ӯ буррову бебокона гуфтам, ки аз чеҳрааш ҳувайдо шуд, ки ӯ аз ман дигар чизро мунтазир будааст. Ба фикрам гумон дошт, ки ман метарсаму аз ӯ бо илҳоқу зорӣ мепурсам, ки кистанд он афрод, ки ӯро фиристодаанд. Аз ин рӯ, худро андак гум кард, дасту по хӯрд. Гапаш дар гулӯяш монд. Лол шуду чӣ гуфтанашро надониста, китф дар ҳам кашиду:
-Хайр, бинед, як гуфтам-да, - ин охирсуханашро гуфту аз назарам дар як они воҳид дур шуд.
Ӯ рафту андак гӯё поям ба замин мех шуда бошад, аз ҷоям начунбидам. Бо вуҷуди он ки ба он ҷавон худро хеле далер нишон додам, аммо дилам пур аз гиряв гардид. Дар дилам дарк кардам, ки ин ҷавон гумоштаи кисту эшон чӣ мехоҳанд.
Ҳаволаашонро чун ҳар вақта ба Худо супоридам. Бегоҳии он рӯз ба Исфара бозгаштам. Дар роҳ огоҳии он ҷавону ҷавоби ин суолҳо маро хеле азият дод. Саволҳо паи ҳам дар зеҳнам пайдо шудан гирифтанду посухҳои онро пайваста аз ботини худи суолҳо ҷустам. Аз рӯзи нахуст чаро ҳамшаҳриам Шокиров, ки ҳатто пайвандии хешу таборӣ дорем, маро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо