Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Инчунин Эгамбердиев низ робита ба ин масъала даъват шуда буд. Пас аз сӯҳбати тӯлонии як ба як, Н.Дадобоев ва Эгамбердиев ба хулосае омаданд, ки ба ҷамъияти мо се реҷаи корӣ ва ба "Танзим" як реҷаи корӣ ба хатсайри Исфара-Хуҷанд ҷудо гардад. Эгамбердиев аз он ки дар ин кор даҳолати раиси вилоят аст, лоҷарам розӣ шуд. Аҷобат дар он буд, ки дар ин талош умуман ҶДММ "Танзим" иштирок накард. Аммо бо талоши ҷаноби Эгамбердиев як сайрхат ба "Танзим" гузашт, ки аз ин муносибати духӯра ҳайрон шудам.

Бо табъи болида ба Исфара баргаштам. Зеро мақсади асосии ман, ки хатсайри Исфара-Хуҷанд буд, ахиран амалӣ гашт.

Дар асоси ҷадвали навтаъсисшудаи хатсайри Исфара-Хуҷанд субҳи рӯзи душанбе 15-уми сентябр шаш адад микроавтобусҳои ҷамъияти "Наҷот" бояд дар хатсайри номбурда ба фаъолият оғоз намояд. Вале барои пеш аз ҳама, ба фаъолият баромадан бояд аз инспексия литсензия гирифтан зарур будааст. Сардори шӯъбаи инспексияи Исфара Маҳмуд Ҳоҷиев ин масъаларо хуб медонист, вале ба хонааш ба деҳаи Ворух рафт. Маҷбур шудем, ки шабона соати 24:00-и шаб ӯро овардем. То ки субҳи 15 сентябр нақлиёти моро ӯ дар ҳузури комиссияи вилоят, ки иборат аз шаш адад буданд, аз назар гузаронида литсензия диҳад.

...Бояд тазаккур дод, ки то ба ин вақт мавқеи М.Ҳоҷиев ба фаъолияти "Наҷот" он қадар рӯшан набуд. Гумон мекардам, ки ӯ ҷонибдори мо аст. Аммо вақте мо ба хатсайри Исфара-Хуҷанд иҷозатнома гирифтанӣ будем, инак чеҳраи аслии ӯ ба мо ошкор шуд. Пайдоям шуд, ки ӯ низ зери нақораи Шокиров рақс мекардааст. Далели аввал ин аст, ки ҶДММ "Танзим" се-чор моҳи фаъолияташ бидуни ҳуҷҷати иҷозатномаи литсензионӣ фаъолият кард, ки дар ин робита М.Ҳоҷиев ба ин қонуншикании ҷиддӣ лаб во накарда буд. Дуввум, бо вуҷуди он ки нақлиёти ҷамъиятии мо аз нақлиётҳои "Танзим" ва "МНА-35" ба маротиб сифатан хубу ба талаботҳо ҷавобгӯ буд ва инчунин ронандагон низ касбӣ буданд, М.Ҳоҷиев ба майдатарин ҷузъиёти нақлиёт аз болту гайкаву мурваттобақҳо

пешина
аз 385
навбатӣ