Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дастгирӣ накард? Ба Эгамбердиев чӣ шуд, ки ин қадар бо нафрат бо ман муносибат мекунад? Қ.Усмонов чӣ? Охир ӯ роҳбари намоёни вилоят ва корманди шояд шоистаи давлатӣ бошад? Ман-ку аз онҳо кор пурсида истодам, на маошу на чизи дигар?
Муовини сардор Бобоҷонов-чӣ? Чаро ӯ ҳам бо ман дар хусумат аст? Қаблан на маро онҳо мешинохтанд и на онҳоро ман, аз ман чӣ бадӣ дидаанду барои онҳо чӣ гуноҳе кардаам? Аз ҷониби чӣ касе ин гурӯҳ ба шӯр андохта шуд? Нимашабҳо ба телефони хонаам кӣ занг мезанаду як ду ҳақорат мекунаду гӯширо мемонад? Баъзан маро огоҳ мекунад, ки ҳушёр бошаму аз раҳи пешгирифтаам бозпас қафо гардам. Кист ин афрод?
Ба ин суолҳо ҳеҷ посухи мушаххас ёфта натавонистам. Аммо ботинан дарк кардам, ки паси ин манзараҳо чеҳраи чӣ касе аҳриманона сӯям механдад. Ҳарчанд дилам гувоҳӣ медод, ки ин ҳама силсилаҳои як занҷиранд, ки аз худкомагиву худбинӣ бофта шудааст.
Пас аз шом ба хона расидам. Аз воқеа ба шавҳарам чизе нагуфтам. Ҳарчанд дилам пур аз шӯру исён буду мехостам ба касе арзи дил кунам ва диламро андак бошад ҳам холӣ созам. Бо вуҷуди ин сукут пеша кардам.
Тахминан соатҳои 20:00 буд, занги бе рақами телефонро бардоштам, боз ҳақорат, таҳдид. Агарчанде, ки сахт хаста будам, таҳорат кардам, ибодат кардам, арзу рози хешро ба пешгоҳи Офаридагорам овардам, Қиблагоҳиам ва модари мӯнисамро дар дуову фотиҳаам ёд кардам. Бо меҳрубонии Худованд андак рӯҳам ором гирифт.
Тамоми шаб фикр кардам. Тасмим гирифтам, ки ба ҳузури раиси вилоят медарояму ба ин кор нуқтаи таммат мегузорам.
10 сентябр боз ба Хуҷанд омадам. Бори дуввум раиси вилоят маро бо ҳамроҳии Н.Дадобоев қабул кард. Арзи дил кардам. Ба Н.Дадобоев супориш дод, ки аз паи иҷроиши ин масъала бошад. Шабро дар хонаи иҷоравии писарам рӯз кардам.
11 сентябр, субҳи барвақт бо даъвати сардори шӯъбаи иттилоот ва таҳлил Н.Дадобоев ба дафтараш ҳозир шудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо