Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

раиси вилоят ва қонунӣ будани ин хатсайрро ҳарчанд фаҳмондам, аммо ба гӯши хар ёсин хонда мешуду ба ин афрод гапро фаҳмонида не.

Ин ҳангом як гурӯҳи моҷароҷӯён дар як канор бо ронандаҳои мо пархош намуда, баллони чарҳҳои нақлиёти ҷамъияти моро сӯрох карданд. Ронандаҳои мо ба хоҳишу таваллои ман гӯш дода, аз дастбагиребонӣ худро канор гирифтанд. Вагарна инҳо низ омода буданд, ки моҷароҷӯёнро ба ҷояшон шинонанд.

Ин рӯз ба хайр, аммо рӯзи дигару рӯзҳои дигар низ муносибат бо мо чунин шуд. Ҳатто бадтар аз рӯзи аввал гардид. Моҷароҳо чанд рӯз давом кард. Аз ин ҳолат шахсан худи ман бо ҳамроҳии сардори саристгоҳ Р.Раҳимов ба масъулини ИНХ М.Қодиров, А.Бобоҷонов ва инчунин ба Қ.Усмонов низ занг мезадем, то барои ҳалли мушкилоти пешомада расидагӣ кунанд, вале бенатиҷа. Дар саристгоҳи Исфара низ ин воқеа такрор ёфт. Масъулини ҳукумати шаҳр ва роҳбарони саристгоҳи шаҳри Исфара ба се адад нақлиётамон ҷои муайянро муҳайё насохтанд. Бо вуҷуди ин ки низои байни ҷамъиятҳоро хеле хуб медонистанд, гӯшашонро ба карӣ заданд.

Андешаҳо маро ором намегузошт. Охир ин роҳбарон мусалмонанд, аз миллати тоҷиканд ва ё ҷосус? Наход ин ҳама нооромиҳоро шунида, мӯҳри хомӯшӣ зананд? Оё хавотир намешаванд, ки аз ин бесарусомониҳо ягон ҳодисаи нохуше рух доданаш мумкин?

Дар ниҳоити кор маҷбур шудем аз ин ҳолати ноором сардори РКДВ-ро бохабар намоем. Шукрона, ки бо даҳолати ин мақомот ронандагон ва нақлиёти ҷамъиятии "Наҷот" дар ҳар ду саристгоҳ - Исфара ва Хуҷанд ҷойгаҳи худро ёфтанд.

Аз бедодгариҳои ин комиссия ба дод омада, ба РКД вилояти Суғд шикоят бурдем, то кори комиссия мавриди назарсанҷӣ қарор гирад.

Дар натиҷа бо даҳолати бевоситаи сардори РКД чанд тан аз кормандони бозрасии ва инспексияи нақлиёти ҶТ аз вазифаашон сабкдӯш гардиданд...

пешина
аз 385
навбатӣ