Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди ин норизогиву бадбиниҳо хотима наёфт. Аз ҷониби ронандагонам, ки аз гумоштагони Шокиров қабоҳату рақобати носолимро мушоҳида карданд, ҳар лаҳзаву ҳар соат шикоятҳои зиёд мешунидам. Аммо ба хотири салоҳияти кор ва рақобати солим лаб намекушодам.

Ахиран корд ба устухон расид. Зеро санаи 11 сентябри соли 2004 бо эҳвоҳои узви комиссияи "босалоҳият"-и ИНХ директори автобазаи МНА-31 Сангин Зоҳидов дар саристгоҳи Хуҷанд дар ҳолати мастӣ ба шӯр омада, ёрдамчии ронандаи моро, ки ҷавони бегӯшу забон аст, бо гуноҳи он ки гӯё дари газелро кушода мондааст, зери лату кӯб гирифт, ки дар натиҷа ҷавони маъсум ба беморхона афтид. Дар ин бора ба директории МНА-31 аз ҷониби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Тасаввур кунед, ки моҷароҳо то ба ин дараҷа расида буду вале масъулони вилоят ҳама гӯё бехабаранд.

Баъди он ки мо ба суди ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат кардем, хашми курсинишинони соҳаи нақлиёти вилоят боло гирифт ва сенарияи навро пешниҳод сохтанд.

Сардори шӯъбаи ҳамлу нақли ИНХ М.Қодиров тавассути телефон ба директории генералии саристгоҳҳо Шарипов супориш додааст, ки нақлиёти "Наҷот" ба истгоҳҳои Хуҷанд ва Истаравшан роҳ дода нашавад. Ҳанӯз бароям торик аст, ки М.Қодиров дар асоси супориши кӣ ба ин иқдом даст зад. Бо ин супориши қатъӣ ду моҳ-июн ва июли с.2004 нақлиёти мо бо ҳар баҳонаву сабабҳои нофаҳмо дохили саристгоҳҳо шуда натавонист ва ниҳоят бо дахолати Вазорати нақлиёт ба ин масъала нуқта гузошта шуд. Ва дар ин марҳила ман маҷбур шудам, ки ба раиси суди ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат карда аризаи шикоятиамро бозпас гирам. Маҷбур будам ба раиси суд бардӯрӯғ гӯям, ки мо созиш кардем. Аз ростӣ то ба ҳол пеши виҷдонам азоб мекашам, ки ин созиш набуд. Балки гургоштии иҷборӣ буд, ки барои минбаъда фаъолиятам монеа эҷод нагардад.

Бо ин ҳама намедонам, бо супориши кӣ бошад, муовини

пешина
аз 385
навбатӣ