Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
даромадгоҳи шаҳр як бинои кӯҳна, ки ба работ шабоҳат дошт, ба он ҷо таваққуф кардем. Бо баробари дидани ин бино маро ҳолати аҷибе фаро гирифт. Зеро 7-8 моҳ қабл гӯё ман ба ин ҷо омада будам, дарҳол дарк кардам, ки ман ин ҷоро дар хоб дидаам. Худро ба даст гирифтаму ба устод хитоб кардам:
-
Ман дар хобам ба ин ҷойҳо омадаам, дар хобам айнан ин биноро дидаам, - гуфтаму ба пешгӯӣ пардохтам, - агар хато накунам дар ҷониби дасти рост ҳуҷраҳое ҳаст, ки онҳо бе дару тирезаанд ва дар ҳар яки ин айвон кӯзаҳои ҳаҷмашон хеле калон гузошта шудааст, - гӯён бо ҳаяҷон хобамро нақл кардам. Дар ҳақиқат хобам ҳақ баромад. Устод дар тааҷҷуб шуданд.
-
Ин бино зиёда аз 400 сол аст, дар асрҳои гузашта корвонҳо, савдогарҳо ҳамчун меҳмонхона ба работ муваққат маскун мешудаанд. Аспу шутурҳояшонро дар кунҷи саҳна мегузоштаанду худашон дар ин ҳуҷраҳо истироҳат мекарданд, - шарҳи мухтасар доданд устод Сарвқадӣ.
Пеш аз ҳама ба осорхона даромадем. Асбобу лавозимоте, ки он ҷо гирд оварда шуда буд, мутааллиқ ба се-чор асри пешин буд. Дар дафтари қайди даромадгоҳи ин осорхона барои хотира соядасти худро гузоштам. Ба атрофи ин бино, тарзи санъати сохтмон ва асбобҳои кишоварзӣ, саноатӣ ва хоҷагиро дида, ангушти ҳайрат газидам. Ба хулосае омадам, ки пешиниён аз мо дида хеле пешрафтатар будаанд.
Чун ба оромгоҳи Шайх Аттор наздик шудем, пас аз ворид шудан аз дарвозаи дутабақаи калон ба саҳни ҳавлӣ, аз тарафи дасти чап дукони китобфурӯшӣ вуҷуд дошт, ки танҳо китобҳои Шайхро ба фурӯш гузошта шуда буд. Диққати маро китобҳои "Панднома", "Муноҷотнома", "Илоҳинома" ва "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттор ба худ ҷалб кард. Дарҳол ба ҳамён даст бурдаму хариданӣ шудам, вале устод Сарвқадӣ гуфтанд, ки пас аз зиёрат ҳатман мехарем.
Саҳни ҳавлӣ хеле калон, барҳаво, гулу гулзор, дарахтони бузурги зиёд вуҷуд дошт. Ҳар куҷо тӯдаҳои зиёди зиёраткунандагон гашту гузор доштанду баъзе аз гурӯҳ нишаста истироҳат мекарданд. Ба атроф менигаристаму

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо