Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
хоҳиш кардам, ки чун ба Хуҷанд, ки омад ба ман занг занад, то ин ки бо ин восита меҳмони мо гардад.
Ҳамин тавр шиносоӣ бо ин марди доно ва донишманд ба дӯстӣ анҷомид. Инак пас аз он лаҳза ошноии оилавӣ ману оилаи Сарвқадӣ робитаи ногусастанӣ пайдо кард. Ва ин мард мӯҷиби сафари ман ба сарзамини Эрон гардид.
Устод Муҳаммади Сарвқадӣ бо ҳамсараш хонум Марям
Тавре болотар ишора кардам, хастагиҳои кору пайкор маро маҷбур мекард, ки сафари Эронро ҳар чӣ зудтар анҷом бидиҳам. Инак бо иноят ва лутфи бениҳояти Парвардигор 27 сентябри соли 2004 ба шаҳри Машҳад омадам. Бо камоли мамнуният устод Сарвқадӣ бо занашон хонуми Марям маро истиқбол карданд. Пазироӣ ба дараҷаи олӣ аз ҷониби онҳо ба роҳ монда шуд. Рӯзи дигар ба зиёрати ҳарами Имом Ризо муваффақ гаштам. Устод Сарвқадӣ қаблан аз нақлҳои ман огоҳ буданд, ки камина муштоқи зиёрати оромгоҳи шайх Фаридуддини Аттор ҳастам. Аз ин рӯ, пас аз як рӯзи дигар маро ба шаҳри Нишопур — зотгоҳи Шайх Аттор бурданд. Дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо