Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар зиёрати мақбараи
Умари Хайём

мерасид. Як қаландари солхӯрдае бо ниёишу нола рубоиҳои Хайёмро месуруд. Ба сари қабр нишастаму ба рӯҳи бузурги Хайём Қуръон хондам. Бе ихтиёр ба ёдам рубоии зерин расид:
Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар яко-як бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд...

Ин рубоиро зери лаб замзама мекардаму бо гӯшаи чашмонам дидам, ки устод Сарвқадӣ ба он қаландар андак маблағе дароз кард. Пас аз он ба тамошои осорхонаи Хайём пардохтем. Як ҷаҳон таассурот бардоштем. Пеш аз ҳама дар ҳошияи чаҳордевори осорхона рубоиҳои мондагори Хайём хеле моҳирона ҳакокӣ шуда буданд. Дар қатори дигар асбобҳо асбоби нуҷумшиносӣ маро ба ҳайрат гузошт. Ин асбобҳои илмиву назариявии Хайём гувоҳи он аст, ки дар ҷаҳони Шарқу Гарб нахуст тақвимшинос ва ситорашиноси бузурге будааст. Бо бардоштҳои зиёд аз зиёратгоҳи Хайём бадар рафтем ва ба сӯи Машҳад шитофтем.

Субҳи рӯзи дигар яъне 26 сентябри соли 2004 ба зиёрати ҳазрати Фирдавсӣ — он муҷоҳиде, ки нафси худро куштааст,

пешина
аз 385
навбатӣ