Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

он покбози даргоҳи ҳақ, он орифи сиддиқ ва сафо, он марди майдони маъни, он муҳаққиқи роҳи ҳақ шитофтем. Чун вориди манзили ин ошиқи ҳақ гардидем, саҳни ҳавлии хеле калону барҳаво ва дар ҳақиқат ба Фирдавси достонсарову бостонсаро шабоҳат дошт, маро ба ҳайрат овард. Ин манзараро дидаму аҳсант ба шаҳрдориву меъмории дастандаркорон ва мардуми фарҳангсолори Эрони бузург хондам. Зеро, озодаву пазиро нигоҳ доштани чунин даргоҳи муқаддас бозгӯи он буд, ки ҳам давлатдорон ва ҳам шаҳрвандон дар озодагӣ тавъами якдигаранд.

Ман дар Эрон бо бисёр афроди саршиноси илму адаб ва тиҷорат сӯҳбатҳои тӯлонӣ намудам. Сидқан иқрор мешавам, ки дар ин сарзамин рақобати носолимро вонахӯрдам. Ҳарчанд дар ин макон ҷузъиёти манфиашро ҷустам, аммо наёфтам. Ба вижа дар соҳаи тиҷорату соҳибкории ин кишвар ба ҳадде рушд кардааст, ки андозаи тасвир оҷизу қалами тафсир саршикаста аст. Зеро кулли пешравӣ дар асоси ҳамдигарфаҳмиву дастгирӣ ва муосидати накӯкорона ба ҳам меояд.

Аз шаҳри саноатии Қазвин дидан кардем. Дар ҳақиқат дар ин шаҳр корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд буданд. Ҳамзамон ду коргоҳи истеҳсоли пуфак, ки мо онро ҷуворибирён мегӯем, паҳлӯи ҳамдигар фаъолият доштанд. Яке чанд сол қабл ба кор шурӯъ карда буду дигаре коргоҳи тозабунёд будааст. Аз камоли соддагиву самими аз масъулини коргоҳи нав суол кардам, ки оё байни ду коргоҳи маҳсулоташ якхела рақобат вуҷуд надорад?

пешина
аз 385
навбатӣ