Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Рӯзҳои 12-14 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Таҷрибаи фаъолияти кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд" ҷорӣ мегардад. Аз ин рӯ, иштироки шумо ҳатмист,-Н.Истроилова бо лаҳни ширин сухан мегуфту чашмашро аз чашмонам намеканд.
Зимнан ӯ таъкид кард, ки меҳмонон аз пойтахту маркази вилоят - Хуҷанд меоянду ҳатман аз дастовардҳои занони ноҳия дидан мекунанд. Ба ин хотир, Истроилова дархост кард, ки меҳмонон аз дастовардҳои коргоҳи ман дидан мекардаанд. Ин супориши махсуси раиси кумитаи занони вилоят Муяссара Зокирова аст. Аз ин хабар аз ростӣ хеле хушҳол шудам. Ҳатто ба ӯ арзи сипос намудам. Баъди ин ӯ аз ман таъкид ба таъкид хоҳиш кард, ки ҳатман тайёриамро бинам, меҳмонон аз коргоҳам дидан мекунанд.
Дар охир вақте аз ҷой хеста рафтанӣ шудам, Истроилова маро бодоз додту:
-Барои овардани меҳмонон се микроавтобус зарур, чӣ мешуд, ки ҳамин хизмати холисонаро шумо ба дӯш мегирифтед,-Истроилова бо нигоҳҳои илтимосолуд сӯям назар карда, хоҳиш намуд.
Ман бе ягон мамоният розӣ шудам?
-Гап нест, муаллима, шумо зиқ нашвед, ман ин корро ташкил мекунам,-тантанавор ваъда додам, ки ин хоҳишаш албатта аз ҷониби мо бо ҷону дил иҷро мешавад. Ӯ вақти рафтанам ҳатто саволномаеро бароям дароз кард, ки ман бояд ба он саволномаҳо посух менавистам.
Бо ҳамин хайрухуш кардему хеста ҳадаҳа ба коргоҳ омадам. Дар коргоҳ бо кормандон сари таъҷил машварати кӯчаке созмон додаму аз эшон даъват ба амал овардам, ки тамоми ҳуҷҷатгузориро зебо рӯи мизҳои хонаи пазироӣ оро диҳанд. Ба таври компютернавис бо хатҳои калону хонову зебо сари ҳар миз дастовардҳои солҳои фаъолияти коргоҳро навиштем. Бастаҳои рӯзномаҳоро дар як кунҷ зебо болои ҳам чида, гулҳои зеборо дар миёнҷои хонаи пазироӣ гузоштам. Хуллас ду рӯзи дароз ба орову торо додан ва ҳар қадар ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор