Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
зебову дилнишин будани коргоҳам диққат додам.
Субҳи 12 сентябр. Се ронандагони микроавтобуси коргоҳамро, ки қаблан огоҳ карда будам, бо худ гирифта ба ҳузури бинои ҳукумати шаҳри Исфара равон шудем. Он ҷо бо ишораи онҳо ба Хуҷанд рафта баъди нисфирӯзӣ меҳмононро ба Исфара овардем. Ман худам низ бо масъулини ҳукумати шаҳри Исфара ба Хуҷанд рафтам. Дар Хуҷанд шахсан бо худи Зокирова сӯҳбат кардам. Ӯ зикр кард, ки ҳатман аз коргоҳи мо дидан мекунад.
Азбаски аллакай соат аз 16:00 гузашта буд, меҳмононро ба меҳмонхонаи "Роҳат"-и шафати осоишгоҳи "Зумрад" бурда ҷойгир намудем.
Аз рӯи барнома аллакай рӯзи аввали семинар гӯё ба итмом расид. Азбаски хеле монда шудам, ба хона омадаму аз шавҳарам пурсидам, ки коргоҳ ба пазироии меҳмонон омода аст? Ӯ сарашро бо ишораи "бале" ҷунбониду дилам ором гирифт. Зеро пагоҳ баъди боздиди мавзеъҳои таърихии деҳаи Чоркӯҳ меҳмонон бояд аз коргоҳи ман дидан кунанд.
13 сентябр. Рӯзи дуввуми машварати ҷумҳуриявӣ. Тибқи барнома иштирокчиён дар бӯстонсари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои наҳорӣ омаданд. Ман низ чун дигар даъватшудагон ба бӯстонсаро рафтам. Аз ҳар мақомоти вилоятӣ меҳмонон ҳузур доштанд.
Ман вақте ба бӯстонсаро даромадам, курсӣҳои холӣ хеле зиёд буданд. Дар болотар кулли мудирони шӯъбаҳо, собиқ шаҳрдорони шаҳри Исфара ва чеҳраҳое, ки ман солҳо ин ҷониб мешинохтам, дар гирди дастурхон буданд.
Хостам ба курсӣи холие биншинам. Аммо яке аз занони масъули ҳукумати шаҳр омаду чоплусона:
- Ҳоҷиоя, ба ин ҷо меҳмонони махсус меоянд, агар лозим дошед, ба он тараф, ҳдуу,- ӯ ба ман ҳуҷраи дигарро нишон дода,- ун тараф рафта шинед. Инҳо,- бо ишораи дастонаш ҳукуматдорони шаҳрро нишон дода истода, -ба назарам маслиҳатҳояшон ҳаст, гуфту ман низ андак ҳиҷолат кашида ба ҳуҷраи дигар гузаштам.
Аз наҳорӣ дере нагузашта духтаре наздам омад. (Ин духтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор