Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
аз шӯъбаи ташкилии ҳукумати шаҳр буда, ному насабашро ин ҷо намеорам). Азбаски мо шинос будем, салом доду ба баногӯшам наздик шуда, бо овози пастакак тақозо кард, ки дар ҳузури муовини раиси шаҳр Б.Бобоев маҷлис баргузор мешудасту ман бояд ба он ҷо равам.
Аз ӯ пурсидам, ки кӣ ба ӯ чунин гуфтааст.
-Намедонам, бо телефон чунин дархост кардаанд, ки шумо бояд ҳатман дар маҷлис иштирок кунед, -чеҳраи духтар ҳиҷолатзада шуду аз чашмаш ҳиҷолатро хондам.
Аммо ин духтар нагуфт, ки аниқ кӣ маро ба маҷлис даъват кардааст. Бо вуҷуди ин "хуб шудааст" гуфтаму аз наҳорӣ (он ҳам бошад як пиёла чойро ҳам нанӯшида) хеста сӯи ҳукумат раҳ гирифтам. Ба дафтари кории муовини раиси шаҳр Б.Бобоев даромадам.
Дидам, ки ӯ танҳост, ҳайратзада пурсидам, ки дар куҷо маҷлис мешавад.
-Чӣ хел маҷлис?-Бобоев низ дар ҳайрат шуду ба ҷои посух аз ман суол кард.
-Ҳозир дар бӯстонсаро ба ман гуфтанд, ки шумо маҷлис доштаеду ман бояд ҳозир шавам,-тааҷҷубам афзуда шарҳи ҳол кардам.
-Ман касеро ба маҷлис даъват накардаам Ҳоҷиоя. Имрӯз ягон хел маҷлис не, -Бобоев, ки аз гапу кор бехабар будааст, китф дарҳам кашиду ҳайрати ӯ низ бештар шуд.
Беихтиёр аз чашмам ашк ҷорӣ шуд. Ин масхарабозӣ, ки алайҳи ман созмон дода буданд, маро то ҳадде шикаста кард, ки гулӯямро чизе фишурду ботинам аланга гирифт. Сиришк рӯямро мешусту чеҳраҳои манфуре, ки дар наҳорӣ теги нигоҳашонро аз ман намеканданд, ба ёдам омад, ки ин айнан дасисаи эшон аст. Пай бурдам, ки даъват кардани ман на ба хотири иштироки ман, балки истифодаи ройгон аз микроавтобусҳоям будасту бас. Аз хизматрасонии ройгон алам накашидам. Аламам аз он буд, ки чаро онҳо мехоҳанд маро озор диҳанду аз ранҷиши ман кайфу сафо созанд? Охир аз ин найрангбозӣ эшон чӣ фоидае ба даст меоранд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор