Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

қудрати бозрасии ба ҳақиқатро надоштанд. Ҳамин тавр ариза чанд мӯҳлат даст ба даст гашт. Охирон ба дасти муовини суди иқтисодии вилоят Сӯҳроб Каримов афтод. Гумон кардам инак марҳалае расид, ки мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд.

Каримов баъд аз он ки парвандаро аз назараш гузаронид, сараввал такозо кард, ки корхонаи ман аз санҷишу таҳлили аудит бояд гузарад.

-Имрӯз мо хулоса кардем, ки аз Идораи "СомонАудит"
нафаре ин ариза ва шикасти иқтисодии шуморо санҷад,-хитоб кард Каримов.

Инчунин дар ин зимн қарори суди иқтисодӣ низ ба тасвиб расид. Аз ҶДММ "СОМОНАУДИТ" намоянда омад.

Ба ин ҳам розӣ шудаму аудит оғоз ёфт. Муддати чиҳилу шаш рӯз, аз 15 март то 28 апрели соли 2006 ҷамъияти моро санҷид. Аудит бори дигар исбот кард, ки ҷамъияти "Наҷот" ҳеҷ гуна ҷурмеву камбудине надорад. Шикасти иқтисодиро 90 фисад ҳақ баровард ва рӯи коғаз овард. Санад тартиб дода шуд, ки иборат аз 103 саҳифа буда, дар он имзоҳои масъулини тарафайн низ бо мӯҳр омадааст.

Хулоса аудит корашро ба анҷом расониду нусхаеро ба мо супорид. Як рӯз қабл аз рафтан аудитор, ки Мақсудҷон Ҷумъаев буд, ба дафтари кориам омад. Ӯ сархуш буду маълумам гашт, ки нӯшидааст. Дар идора ба ҷуз ман каси дигар набуд. Баъд аз салому алейк:

-Ҳоҷпоя, як ҷои ҳуҷҷати хулоса камтар иштибоҳ шудааст,- пушти сарашро хорида-хорида ба гап сар кард.

Ман ҳайрон шудам, ки дар санад ва хулосаи аудиташ имзоҳои афроди масъули ҷамъияти мо ва худи ӯ низ вуҷуд доранд. Ҳеҷ кас ҳангоми имзо кардан ба хатогии ҳуҷҷати аудит вонахӯрд. Аммо чӣ тур мешавад, ки ҳамин инак хулоса камтар хато шуда бошад? Бо ин саволҳо худам посух ёфта натавонистаму ба ҳар ҳол аз соддагиву самимият:

-Мақсудҷон, чӣ хел иштибоҳ? Агар дар сурати иштибоҳ будан, пас аз ислоҳи он чӣ гуна боз имзоҳоро ҷамъ мекунед?

-Э, ҳоҷпоя, шумо намедонед. Имзо мондан кори мушкил

пешина
аз 385
навбатӣ