Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
нест, инашро мо ташкил мекунем, - ӯ бепарвоёна тавре сухан мегуфт, ки аз оҳанги гуфтораш як навъ чизи мубҳами норӯшанеро эҳсос кардам. - Шумо хулосаро ба ман диҳед, ба он сӯяш коратон набусад, зиқ нашавед.
Азбаски тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар сейф буду калиди он дар дасти муовинам қарор дошт, ман наметавонистам, ки ба ӯ ҳуҷҷатро диҳам. Аз ин рӯ, бо изҳори афсусу узрхоҳӣ гуфтам:
- Ба шумо метавонам пагоҳ хулосаро диҳам, чунки калиди сейф дар ман нест. Лиҳозо хоҳиш мекунам, пагоҳ оед.
Ӯ чун дид, ки ҳуҷҷат дастрасаш нашуд, хеле афсус хӯрд. Баъдан илова кард:
-
Ҳоҷиоя, як гапи махфиро ошкоро мегӯям. Агар дар вилоят ду одами бақувват бошад, як тоаш мо, - андак аз касири сархушӣ ба лофзанӣ даромад.
-
Дуввумаш кист? - ба чашмаш нигоҳ карда пурсидам.
-
Раиси вилоят Қосимҷон-дия, - бе ягон фикру андеша изҳор дошт Мақсудҷон.
Баъди рафтанаш ба андеша мондам. Чаро ӯ аз раиси вилоят Қосимов ёдовар шуд? Чаро худро бо истилоҳи "мо" дуввумин муқтадири вилоят медонад? Атрофаш киҳоянд, ки ӯ "мо" мегӯяд?
Оре, вақте раиси вилоят Қосимов тарафи маро гирифту адолатхоҳӣ кард, ин ҳарф то ба гӯши ИНХ ва ҷамъиятҳои нақлиётии Исфара расида буд. Шояд аз ин хотир ӯ чунин гуфт? Ба ҳар ҳол дилам ором нагирифт, ки чаро ӯ ин чиз ба гуфташ "махфӣ"-ро бароям ошкор кард. Аммо медонистам, ки аз касири сархушӣ чунин мегӯяд.
Ҳар чӣ дар давоми аудит буду набуд, бояд холисона гӯям, ки Мақсуд Ҷумъаев тафтишу таҳлилро мӯшикофона кард ва ҳақиқатро гуфту дар ҳуҷҷатҳо хулоса намуд. Аммо пагоҳу дигар рӯзҳо низ аудитор ба наздам барои бозпас гирифтану ислоҳи ба гуфти худаш "иштибоҳ"-аш наомад.
Бадии кор дар он буд, вақте ба суди иқтисодӣ санаи 15 марти соли 2006 рафтам, хулосае, ки ба мо дода буд, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор