Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Агар ӯ маро то охири суд ҳимоя мекард, бешак ӯро аз кор меронданд.

Дигар ҳеҷ ҳарфи тасаллобаҳштарине маро наметавонист ором бикунад. Бо вуҷуди ин сукут кардаму дигар ягон ҳарфе нагуфтам.

Маҷбур шудем дигар ҳимоятгарро ба рафти суд гирем. Он ҳам бошад бо тавсияи худи Раҳматуллоев як нафари дигар, ки гӯё ба ӯ шинос будааст, ҳимояти моро ба дӯш гирифт. Аммо ҳимоятгари дуввумамон хеле суст баромаду ягон коре дар ҳимояи мо карда натавонист.

Ҳамин тавр суд ба бузбозию саҳначаи масхарабозӣ табдил ёфту судья Каримов моро ноҳақ ҳисобид. Даъвои ман қаноатбахш карда нашуд. Говсуди таппа-тайёр буд.

Тавре хонандагони азиз дар бобҳои гузашта дар хотир доранд, дар умри хеш бисёр суду судбозиҳоро аз сар гузаронидам. Ҳам адолату ҳам беадолатии зиёдеро дидам. Аз сабақоти рӯзгорам таҷриба андӯхта будам, ки агар ноҳақӣ имрӯз тантанаи ғалаба мекунад, пагоҳ ё пагоҳи дигар ҳақиқат ҷояшро ҳатман хоҳад гирифт. Биноан, гарчанд навмед будам аз суди вилоятӣ, бо ин ҳама сабр пеша кардаму аз Худованд талаби қаноат ва таҳаммулро кардам, то дар рӯзҳои оянда шикаст насибам нагардад.

Тобистони 2006. Тасмим гирифтам аз болои суди иқтисодии вилоят ва барои барқарор кардани ҳақиқат ба Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ арз бубарам. Бо сад умед ба Суди Олии иқтисодӣ муроҷиат кардем. Мутаассифона дар ин даргоҳ низ аз адолат дараке наёфтам. Парвандаи мо боз даст ба даст шуд. Аввал парвандаи мо ба дасти судья Ширинҷонова зани хеле адолатхоҳу истодагаре афтод. Ӯ қавл дод ҳақро ба ҳақдор мерасонад.

Аввалин чизе, ки шигифти Ширинҷоноваро овард, ин ду хулосаи ба ҳам мухолиф, ки аз ҷониби як аудитор ба имзо расидааст. Аз ин хотир, барои таҳлили дақиқ ба экспертизаи Вазорати адлия муроҷиат кард. Гурӯҳи экспертҳо 18 рӯз ду хулоса ва чанд масъалаи норӯшанро ташхис карданд. Ин

пешина
аз 385
навбатӣ