Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

муддат Ширинҷонова шоҳидонро пурсиш ба амал овард. Шоҳидон низ ҷонибдории моро гирифтанд. Аз ҷумла С.Гулов — директори генералии «Корпоратсияи мусофирбар»-и шаҳри Душанбе ва Б.Аъзамқулов — сардори шуъбаи идораи агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва ҳимояи соҳибкорон низ дар ҷараёни суд ширкат варзида, куллан бенуқс будани фаъолияти ҷамъияти моро нишон дода, дар айни ҳол нисбати қонуншиканиҳои соҳибони «чор мушт» маълумотҳо доданд.

Аммо аз ҷониби шахсони манфиатдор нагузоштанд, ки Ширинҷонова мурофиаи аввалинро то ба охир расонад. Бо баҳонае парвандаи мо аз судя Ширинҷонова ба судя Фатҳуддинов гузаронида шуд. Дар ин вақт гурӯҳи экспертизаи Вазорати адлия исбот кард, ки дуввумин хулосаи аудитор, ки дар он танҳо имзои худи Ҷумъаев буд, қалбакӣ аст. Зеро аз хулосаи экспертии №21-1620-2006 аз санаи 3 августи соли 2006 бармеояд, ки хулосаи дуввум одилона нест, балки сохтакорӣ аст.

Дар хулосаи экспертиза дар саҳифаи шашум омадааст:
«Бояд аудитор Ҷумъаев М.К. дар асоси санадҳо ва далелу рақамҳо дар санадҳои бо иштироки намояндагони ҷамъият тартиб дода ва имзо шуда санади хулосавии худро таҳия намуда, ба супоришдиҳанда пешниҳод менамуд. Бинобар ин санади асосӣ он санаде ҳисобида мешавад, ки бо он роҳбарият ва шахсони масъул шинос карда шуда, бо имзои худ тасдиқ кардаанд, яъне санади санҷиши аудитории аз 28 апрели соли 2006».

Хулосаи экспертиза, ки одилона назардӯзӣ шуда буд, моро хеле қавиирода кард. Зеро гумон доштем, ки бо ин санад метавонем ҳақиқатро рӯи об барорем.

Бар замми ин дар худи ҳамин хулоса дар саҳифаи 7 оварда шудааст:
"...Аз ҳамин лиҳоз таҳлилу санҷиши гузаронидашуда нишон дод, ки дар марҳилаи муайяни фаъолияти ҶДММ "Наҷот"-и ноҳияи Исфара дар мавриди дохил шудан ба бозор-сектори нақлиётӣ бо аломатҳои маҳдудшавии рақобати солим дар миқёси вилояти Суғд дучор гашта, боиси ҷидду ҷаҳд ва

пешина
аз 385
навбатӣ