Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ҳукумати Тоҷикистон ва вилояти Суғд, якчанд ҳуҷҷатҳои Раёсати инспекцияи нақлиётии марказ ва вилояти Суғдро ба инобат нагирифт.
Маълум шуд, ки ӯ низ намехоҳад ҳақиқат рӯи об барояд. Ба ин гуфтаам далел дорам. Ҳатто дархостҳои чандбораи моро, ки барои даъват кардани Эгамбердиев ва Шокиров кардам, судя Фатҳуддинов рад кард. Ҳол он ки ин замони дархости ман Шокиров ва Эгамбердиев дар шаҳри Душанбе буданд. Агар забони Фатҳуддинов бо ҳарифони ман як набошад, чаро ӯ ин даъватро инкор намуд? Бо ҳамин муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ-Фатҳуддинов хулосаи шогирдаш С.Каримовро бе тағйирот гузошт.
Бо умеди дарёфти ҳақиқат на балки 19 000 сомонии ба буҷаи давлат супоридаамон барбод рафт, инчунин муддати чор моҳ сарсонии ману оилаам, шикасти маънавӣ ва молии ронандагонамро манфиатхоҳони Даргоҳи Адолатхоҳ ба инобат нагирифтанд. Ин бадтарин шикасти рӯҳиам буд, ки аз додгустарии олӣ низ дилсардам сохт. Дигар ба ҳеҷ гуна ҳақиқату ҳақталошӣ бовар варзиданам дар шароити феълӣ баръабас буд. Муште ба нӯги сӯзан буду бас, дигар ҳеҷ чиз. Танҳо барои осудагии руҳу қалбам андешаамро 30.09.2006 бо сарлавҳаи "Чаро мансабдорон қонунро эътироф намекунанд?" дар рӯзномаи "Минбари халқ" дарҷ карда тавонистаму халос...
Бо вуҷуди ин алами ман дар рӯи коғаз монду бас. Ягон мақомот садо баланд накард ва ё посухе надод...
...Аз фишору тазйиқи рӯзҳои ахир хеле хаставу асабам хароб гардид. Рақибонам аз ғалаба қабат-қабат гӯшт гирифтанд, аммо ин ба ман корагарӣ накард. Чунин пешомадро аз ризои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло донистам, аз ин рӯ, бо эшон ниқор ҳам нагирифтам. Зимнан афсурдаҳол нашудам, баръакс хостам заминаҳои коргоҳамро бо тамоми талабот ҷавобгӯ созам. Ба сарам андешае омад, ки коргоҳи таъмири нақлиётро ба роҳ гузорам. Ин буд, ки хостам бо мақсади ҳамкорӣ бо коргоҳҳои ҳамлу нақл ва корхонаҷоти истеҳсоли сабукрави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Исфара ин орзуямро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор