Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

баррасии муаммоҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қарор гирифтааст.

Мо экспертҳо дар асоси таҳлил ва омӯзиши парванда ба хулоса омадем, ки ҶДММ "Наҷот" дар асоси қонунҳои зикршуда дуруст даъво пешниҳод намудааст. Ҳарчанд ба баъзе аз ҷавобгарон ягон хел муносибатҳои молию муҳосибӣ надорад. Дар охир ҳамин нуқтаро ба назар гирифт, ки дар ҳамаи ин ҷамъиятҳои ҷавобгар як шахс-Юнусов Абдумухтор дар вазифаи сармуҳосиб кор мекунад. Инчунин муассиси ҶДММ "Арсенал" мебошад. Аз ин бармеояд, ки байни ин корхонаҳои ҳамҷавобгар ягон хел рақобат вуҷуд дошта наметавонад. Далели дигари вуҷуд надоштани рақобат он аст, ки муассисони ин ҷамъиятҳо гурӯҳи муайяни шахсон ва хешу таборон, пеш аз ҳама Шокировҳо мебошад.

Аз ин рӯ даъвои ҶДММ "Наҷот"-и Исфараро асоснок меҳисобам...Замима 18 саҳифа".

Ин банди хулосаи мазкур низ моро як андоза шердил кард, ки дар раванди мурофиаи судӣ метавонад барои ошкор шудани ҳақиқат кӯмак намояд.

Инак, ман бо баробари он ки парванда ба Фатҳудинов расид, хурсанд шудам, ки ҳақиқат ба рӯи об мебарояд, зеро ӯ муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ аст. Аммо мутаассифона, дере нагузашта аёнам шуд, ки судя Фатҳудинов устоди судяи суди иқтисодӣ С.Каримов будааст. Аз ин рӯ, аз рӯи аввал маълум буд, ки ӯ бо чеҳраи турш моро пешвоз гирифту ҳақ ба ҳақдор нарасонид.

Хулоса, судя Фатҳудинов низ мисли шогирдаш Каримов амал карду гуфтаҳои шоҳидон, яъне мутахассиси Агентии давлатии ҳимояи соҳибкорони ҷумҳурӣ, хулосаи қонунии аудит аз 28.04.2006, хулосаи экспертизаи Вазорати адлияи ҶТ аз 6.09.2006 ва якчанд ҳуҷҷатҳои прокуратура, алалхусус аз 10.03.2005 "7/3-а(К)-05(5)", "7/34а-0515" аз 11.03.2005, мактубҳои "8/66" аз 28.01.2004, "8/98" аз 04.02.2005 ва "8/453" аз 18.05.2005 ва маълумотнома оид ба супориши прокуратураи вилояти Суғд аз 08.02.2006 таҳти рақами 344-26/5-06-и Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди

пешина
аз 385
навбатӣ