Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аксари толибилмон дар мактаб-гимназияҳои шаҳр таълим мегирифтанду субҳгоҳон дар вақти муайяншудаи соати дарсӣ ҳозир шуда наметавонистанд. Аз ин рӯ, мактуби онҳоро низ гирифтам, ки эшон чун дигар сокини ноҳия мехоҳанд аз хидматрасонии оҷил ва сифатнок бархурдор бошанд.

Тасмим гирифтам сари ин масъалаҳо расидагӣ кунаму ба мардум ҳар чӣ бошад ҳам хидматамро пешкаш намоям.
Сараввал аз мардуми ҳар ду ин марз пурсидам, ки ба ҷуз ман онҳо ба ягон нуқта арз бурдаанд ё не. Дар посух шунидам, ки онҳо ба ҳукумати шаҳру ба муассисаҳои нақлиёти МНА-35 ва филиалҳои он ҷустори имдод шудаанд. Аммо дар ҷавоб шунидаанд, ки бар асари камфоида ва зараровар будани ин хатсайрҳо масъулин саркашӣ намудаанд.

Ман ин суолро ба он хотир додам, ки то дар оянда аз ҷониби рақибонам мавриди накӯҳишу маломат қарор нагирам. Аз ин рӯ, дар ин кор хеле нозук рафтор бояд кард. Вақте ман аризаи мардуми ин ду марзро гирифтам, ҳар чӣ бодо бод, зараровар бошад ҳам ман ин корро ба уҳда мегирам. Аз паи омода сохтани ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаҳои зарурӣ шуда, аз паи кашонидани мардум шудам, ки ба сарам балои дигаре ҳаридам. Зеро то он замоне, ки мардуми ин ду нуқта ба ман муроҷиат кунанд, ба масъулини автобаза муроҷиат карда буданд. Дар посух онҳо ба хотири зараровар будани хатсайр рад кардаанд. Аммо вақте диданд, ки ман ба ин кор даст задам, бо тамоми вуҷудашон алайҳи ман баромаданд. Боз чор мушт дар муқобили як муштзани муштипар. Дар ин кор ИНХ низ ба дасисаи онҳо ҳамроҳ шуду муқобили ман баромад.

Ба Сурхдеҳа микроавтобусҳои ҷамъияти мо вақте равон гардид, бузбозию бешармиро рақибонам ба дараҷаи аълояш расониданд. Мусофиронро иҷборан аз даруни Газелҳои мо берун кардану беобрӯгиро ба дараҷаи аълояш расониданд.
Даъво карданд, ки ин хатсайр гӯё аз они онҳо бошад. Охир, ман рад намекунам, агар онҳо дар вақти ариза додани ин мардум ба додашон расидагӣ мекарданд. Аммо маро алам мекунад, ки чаро онҳо пештар инро зараровар ҳисобиданду

пешина
аз 385
навбатӣ