Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
вақте ман даст ба ин ибтикор задам, микроавтобусҳояшонро қатор карда оварданд? Ҳарчанд, ки мардум ба ин кор сахт ниёз доштанд.
Ҳамагӣ ду-се моҳ ба кӯдакони мактабхони шаҳраки Нефтобод нақлиёти ман хизмат расонид, аммо аз сабаби ҳар субҳ масъулони ҳар се ҷамъият бо роҳбарии муҳандиси бехатарии ҳар се ҷамъият Тӯхтаев, ҳуқуқшиносу танзимгари ҳар се ҷамъият бо ҳамроҳии ронандаҳои автобус алалхусус Валӣ Ғаниев ба истгоҳи шаҳраки Нефтобод ҳозир шуда, ғавғоҳо эҷод мекарданд, нисбати ронандаи ман бо таҳқиру таҳдид ҳарфҳо мегуфтанд. Вале агарчанде аксари зиёди волидон гувоҳи ин воқеа буданду ба ҳимояи ронандаи ман ва ҷамъияти ман баромадаанд, инчунин худи толибилмон низ аз хизматрасонии автобус ва аз дағалии ронандагон норизогӣ эълон мекарданд, "муборизон" гӯё чизеро намешуниданд, хира-хира нигоҳ мекарданду буқ-буқкунон аз раъяшон нагашта ҳамоно дағалбозиву маҳалбозияшонро давом доданд. Агарчанде аз ин лаҳзаҳо ба масъулини шаҳрдории ин шаҳрак ва муовини раиси шаҳр Б.С.Бобоев садоҳо рафта бошад ҳам, ҳамаи онҳо ба таъбири "аз бало ҳазар" худро канор гирифтанд. Танҳо аз ин ҳодисаҳое, ки ҳар субҳ чун тӯҳфа такрор ба такрор насиби мо мегашт, панҷ-шаш нафар занону духтаракони ширфурӯш назди саристгоҳи шаҳраки Нефтобод шоҳид буданду халос. Аз муносибати ин як гурӯҳи муташаккил дар ҳақиқат роҳзанҳо гӯем ҳам хато намекунем, рӯҳафтод гашта ангушти ҳайрат мегазиданд ин бечора ширфурӯшҳо. Аммо аз тарс чизе намегуфтанд. Бар замми ин нархи роҳқирои мо барои толибилмони макотиби марказии ноҳия панҷоҳ фисад арзон буд, ки боиси боз ҳам рашку ҳасади муқобилонам гашт.
Ниҳоят тоқати ронандаҳои ман аз ин ғавғоҳои бе сару нӯг тоқ гашта буд, ки дар вақти дар сафари корӣ дар шаҳри Душанбе буданам аз беҳимоягии ман танҳо монда, фаъолияти хешро дар ин самт қатъ кардаанд.
Хулоса масъулини се ҷамъият ҳамаҷониба бовар карданд, ки пушту паноҳашон хеле зӯр аст, дар мӯҳлати 7-соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор