Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
мубориза на огоҳиҳои прокурори вилоят таъсир расонида тавонисту на амру огоҳиҳои мақомоти агентии зиддимонополий, на хадамоти марказ пишакашонро пишт гуфта тавонисту на баъзе аз масъулинҳои вазорат.
Масъулини соҳаи нақлиёти ҳукуматӣ бошанд аз вилоят то ба маҳал ҳама ҷонибдорони онҳоянд. Аз кормандони ИНХ бошанд ҷои гилаву ҷингилае нест. Зеро ғуломи ҳалқабаргӯше беш нестанд. Гӯё дар таҷрибаи худ хеле бурд ёфтаанд, ки аз хатсайрҳои собиқ шӯравӣ, рақами 4 ва 5-ро, ки 15-20 сол ин ҷониб ҳаракат надоштаро бо дастгирии муовини раиси шаҳр Б.С.Бобоев охири моҳи октябри соли 2008 ба роҳ дароварданд.
Аммо ба ин хатсайрҳо ғайриқонунӣ илова дароварда, "худам шоҳу табъам вазир"-гӯён фаъолиятро пеш бурданд.
Ман алам аз он накардам, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ ин хатсайрҳои фаромӯшшуда ба фаъолият шурӯъ кард, алами мо аз он буд, ки дар вақти оғози фаъолияти мо, ки ба ронандагон кор ёфта наметавонистем, аз вазорат омада дар хатсайрҳо хрометраж гузарониданд. Дар асоси он ба ҷамъияти мо аз ду-се хатсайрҳои амалкунанда як-ду реҷагӣ кор ёфта дода буданд, аммо дар он лаҳзаҳои бароимон танг дар асоси муроҷиатамон мо аз масъулини ҳукумати маҳаллӣ ва ё аз ИНХ посухҳои монанд мегирифтем, ки амсоли инҳо "Кор нест", "Хатсайри зиёдатӣ надорем" ва дигар баҳонаҳо. Аз ин дурӯғу дурӯғиҳо аламам аланга мезад.
Худоё, бо гуфти Сафаралӣ Гулов мо аз минтақаи бегона ва ё аз миллати ғайр нестем, ку. Ҳама аз як маҳал ҳастем, ҳатто баъзеи аз онҳо хешу ақрабоянд. Падару модарамон дар як қабристон хуфтаанд. Намешуд магар дар аввал дасти маро гиранд, сахтӣ, худхӯрӣ накарда ҷавонмардӣ кунанд? Охир ҳамаи мо мусалмонем, бандаи Худои аззаву ҷалл ва уммати Муҳаммад (с) ва пайравони мазҳаби Имоми Аъзамем-ку.
Агар ба хислати мард саховатмандӣ вуҷуд дошта бошад,
пас ба унвони ҷавонмардӣ соҳиб мешудааст. Кош ҳама мардон,
алалхусус баъзе аз соҳибмансабону масъулин шоистаи ҳамин
унвон мешуданд. Он гоҳ ватанамон гул-гул шукуфону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор