Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Вақте ки мепурсидам, ки аъзоҳои комиссия киҳоянд, мегуфтанд, ки худамон ҳам намедонем.
Рӯзи 26.02.09 аз ёрдамчии прокурори шаҳри Исфара А. Насриев, ки аризаи ман дар санҷишаш қарор дошт, фаҳмидам, ки аъзоҳои комиссия киҳоянд. Ба чархи гардон менигараму даст ба гиребон мебарам. Аз он дар ҳайрат мешавам, ки инсони хатокор ҳамеша хато мекардаасту ҳеҷ гоҳ аз хатоҳои пешини худаш сабақи зиндагӣ намеомӯхтааст. Эшонов — собиқ муовини директори заводи гидрометаллургии Исфара, ки дар бобҳои қаблӣ дар вақти мудири боғчаи №39 буданам хонда будед, инак боз аъзои комиссия аст. Шахсан ба ман тааҷҷубовар буд, ки сардори шӯъбаи иқтисод ва молии назди ҳукумати шаҳр Эшонов, ки дар мурофиаҳои судии суди шаҳри Конибодом, Исфара ва Хуҷанд бо мани даъвогар яко-як мубориза бурда буд, шомили гурӯҳи корӣ аст. Ҳайратам аз он бештар меафзуд, ки чаро дар ин комиссия мудири шӯъбаи иқтисод Эшонов шомил аст. Ҳол он ки комиссия вазъи молиявиро намеомӯхт.
Пас аз нисфирӯзии 26.02.09 ба назди муовини раиси шаҳр Абдурофиев омадам. Ӯ гуфт, ки гӯё дар асоси қарори комиссия раиси шаҳр танҳо аз ҳисоби изофашавии реҷаи кори хатсайри деҳаи Сурх ду реҷаи корӣ ба ҶДММ «Наҷот» додаанд. Қарори комиссияро пурсон шудам, то ки шинос шавам. Аммо Ӯ бо исрор рад кард ва онро нишон надод.
Аризаҳоям, ки мақсади асосии он талабгории як ё ду реҷаи корӣ набуда, исбот ёфтани ҳақиқат ва ба амал овардани рақобати солим буд. Дидам, ки ҳақиқат рӯи об намебарояд, маҷбур шудам ба қабули раиси шаҳр дароям. Дар воқеъ ҳис кардам, ки раиси шаҳр М.Ёқубова аз баъзе "асрор"-ҳои дохилӣ бехабар будааст. Ӯ маро то ба охир гӯш карду андак хомӯш монд ва ҳамон лаҳза муовинон Б.С.Бобоев, К.Абдурофиев ва мутахассис Мамадҷоновро назди худ хонд. Дар ҳузури ман онҳоро мувофиқи амалҳояшон сарзаниш карда, тақсимоти реҷаҳои кориро дар хатсайрҳои рақами 4, 5, Нефтобод, Сурх муайян кард ва такрор ба такрор таъкид кард, ки ин Амри раиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор