Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
шаҳрро мураттаб созанд ва барои амалӣ гаштану иҷроиши Амр ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Инчунин раиси шаҳр аз ҳозирин талаб кард, ки оянда хатсайрҳои нав мувофиқи ҳамоҳангсозии байни муассисаҳои нақлиётии шаҳр бояд тақсим гардад. Ин лаҳза аз ростӣ аз адолати шаҳрдорӣ розӣ шудам. Дилам андак ором гирифту бо арзи сипогузорӣ аз ҳузури раиси шаҳр мураххас шудам. Ба ронандагоне, ки моҳҳо мунтазири кор буданд, эълон кардам, ки пас аз се-чор рӯз ба кор таъмин хоҳанд гашт. Хурсандии ҳамаамонро ҳадду канор набуд.
28 феврал. Ба хотири бузургдошти Соли Имоми Аъзам, ки дар тамоми нуқоти кишварамон конфронсу ҷамъомад ва семинарҳо баргузор мегардид, аз ҷумла маро аз ҷониби ҳукумати шаҳри Исфара муваззаф карданд, ки дар ин робита ҷамъомад бояд гузаронам. Ба хотири эҳтиром ҷонишини раиси шаҳр Абдурофиевро даъват ба ин ҷамъомад кардам. Ӯ ҳам аввал даъвати маро хуб пазируфт. Вақте ки аз рафти иҷроиши Амри раис пурсон шудам, рангу рӯи Абдурофиев канд ва гуфт, ки аз раиси шаҳр чизеро нафаҳмидааст.
- Танҳо ду реҷа ба шумо ҷудо шудааст, ҳаминро медонаму халос, - худсафедкунӣ намуд ӯ.
Андак баҳс миёни мо ба вуқӯъ омад. Дар охир якбора асабонӣ шуда:
- Равед, бароед аз кабинетам, вақтам нест, ба маҷлисат ҳам иштирок намекунам.
Ба назди муовини аввал Б. Бобоев даромадам. Ӯ ҳам аввал супориши муаллимаро тасдиқ кард. Аммо ӯ натиҷаи корро тавассути телефон аз Абдурофиев пурсон шуд, дарк кардам, ки тарзи гуфтораш низ дигаргун гашт.
- Ба назди муаллима дер даромадам, ӯ низ ба дурӯғгӯӣ пардохт. Ҳол он ки ҳама якҷоя ба назди раиси шаҳр ҳозир шуда буданд.
Вақте ман бо исрор аз Бобоев ҳақиқати корро талаб кардам, ӯ хашмаш боло гирифту:
- Намедонам он кас чӣ гуфтанд, сониян, ту маро ду маротиба ба раиси вилоят навистӣ, дигар оиди масъалаҳоят назди ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор