Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Рӯзи дигар фаҳмидам, ки ин шахсон ҳама аъзо, соҳибсаҳмияҳо ва масъулини се ҷамъият будаанд. Аксарияти онҳо ширакайф буда бо сарварии сармуҳосиб Мухтор чунин шиорҳоро вирди забон овардаанд.
Субҳи рӯзи 5 апрел ҳарчанд худро хеле бад ҳис мекардам, ҳама ҳуҷҷатҳоро гирифта, ба маркази вилоят шаҳри Хуҷанд назди "комиссияи босалоҳият" рафтам. Аз сардори хадамоти вилоят А. Аминов фаҳмидам, ки меҳмонон ба БДА-и вилоят рафтанианд. Ба БДА-и вилоятӣ рафтам. Онҷо касеро наёфтам. Хеле мунтазир шудам. Ниҳоят дилтанг шуда ба Алӣ Расулов занг задам. Кай ба БДА омадану феълан куҷо қарор доштани меҳмононро пурсидам. Дар посух аз он сӯи гӯшӣ Расулов:
- Аз комиссияи вазорат бехабараму намедонам, ки комиссия дар куҷост, - гуфтани Расулов хеле хаста ба гӯшам расид. Аз ӯ дар бобати бемаврид занг заданам узр хостаму телефонро хомӯш кардам.
Аз ин сӯҳбати телефонӣ ҳамагӣ ду дақиқа вақт нагузашта, ду мошини сабукрав назди БДА омада қарор гирифт. Нохост дидам, ки Алӣ Расулов бо ҳамроҳи Юсупову Машарипов ва дигар меҳмонон аз сабукрав фаромаданд. Алӣ Расулов маро диду замин накафид, ки дарояд. Зеро ӯ дурӯғ гуфта буд. Дар ин лаҳза ҳис кардам, ки Алӣ Расулов аз дурӯғгияш хеле дар ҳузури ман шарманда шудааст. Бо сабаби он ки боз ҳам изо накашад, хостам аз пешаш убур кунаму ҳеҷе нагӯям. Аммо худи Расулов хост худро андак сафед кунад, аз ин хотир:
-
Ҳа, ҳоҷиоя шумо ҳаминҷабамӣ? - гӯён ба лоф задан даромаданӣ шуд, ки ман ба ӯ умуман эътибор надодам. Ба ҳузури Юсупов рафтаму хостам арзи дил кунам. Аммо Юсупов ба муроҷиати ман аҳамият надод. Ҳеҷ кас маро шунидан нахост. Он лаҳза танҳо Машарипов таскинам дод:
-
Худатонро зиқ накунед, рӯзе ҳақиқат пойдор мешавад.
Ногуфта намонад, ки Нарзулло Машарипов бисёр устоди соҳаи хеш аст. Ӯ хеле заковатманд ва дурандеш буда, ба ҳар масъалаи ҳалталаб аз самти маҳалгароӣ не, балки аз зовияи ҳақиқат менигарад. Аз ин ҷост, ки аксар тафтишу таҳ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор