Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
хоксор будааст, мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир гашт. Ва худи онҷо бароям се маротиба сӯзандору гузарониданд.
Намедонам баъд аз чанд фурсате буд, ки аз қоҳ-қоҳи хандаи як гурӯҳ ба ҳуш омадам. Диққат додам, ки овози директори ЧДММ МНА-35 К.Сайфиддинов бо тантана садо медод.
-Маладес ҳоҷӣ, ҳама корҳо по плану, ҳа-ҳа, як илоҷе карда Наҷотро афтондем. Ҳа-ҳа-ҳа, -Сайфидинов ҳоҷӣ гуфта ба хаёлам ба Юсупов хитоб мекард, ки воқеан Юсупов инсоне буд, ки хонаи Худоро дидаасту боз корҳои баъзе манфиатҷӯёнро ба қавли Сайфиддинов "по плану" месозад.
Гумон кардам, ки Сайфиддинов бо Юсупов нишастааст. Аммо оҳиста аз ҷои хестам, аз роғии дар нигоҳ кардам, ки Сайфиддинов ин суханонро бо телефон ба каси дигар мегуфт. Шояд ба Шокиров чунин мегуфт, зеро Шокиров низ хонаи Худоро зиёрат кардаасту унвони ҳоҷигӣ дорад. Баъди чанд дақиқа Машарипов барои ҳолпурсиам омад. Аз байни комиссияи бо салоҳият ва муовиниу дигар масъулини ҳукумат, раиси дастгоҳ ва дигарон Машарипов ягона шахсе буд, ки аз саломатии ман парешон шуда пайваста хабар мегирифт. Ва гоҳ-гоҳ таскинам медод, ки зиқ нашавам, саломатиамро эҳтиёт кунам. Ӯ ашки шашқатори маро дида:
-Рӯзе мерасад, ки ҳақиқат рӯи об мебарояд,-маро тасалло дод Машарипов.
Соат 2-и шаб шуд. Ба имзо кардани протокол даъватам карданд. Ягон мард намепурсид, ки аҳволам чӣ тавр аст. Ҳама ба ғайр аз Машарипов даъват доштанд, ки зуд бошаму ба протокол имзо кунам. Аз ростӣ вазъи саломатиам, ки хеле номусоид шуд, барои ман муҳим набуд, ки дар коғаз чӣ навишта шудааст. Гаранго-гаранг бе ягон баҳсу мамоният ба протокол имзо кардам. Бо ёрдами яке аз кормандонам ба беруни ҳукумат баромадем. Аз дур як гурӯҳи калон гирд истода тантана доштанд. Боз садои "Нест бод Наҷот" аз ҷониби онҳо ба гӯшам расид. Вақте наздиктар омадам онҳо маро диданд ва зуд пароканда гашта ба газел савор шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор