Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Пас аз даҳолати кормандони шӯъбаи амнияти шаҳр пас аз нисфирӯзӣ фазои истгоҳ ором гашт, нақлиёти ҷамъиятӣ бо озодона фаъолият бурд. Баъдтар маълум шуд, ки онҳо истиқоматкунандагони дигар деҳа буда, зархаридони ҳарифонам будаанд, ки дар ивази мухтасар маблағ фазои кориро барҳам мезадаанд. Худоро шукр кардам, ки вазъ ором шуд. Аммо хушнудии ман дер напоид. Аз чӣ сабаб бошад, ки шоми он рӯз амри муваққатии раиси шаҳр фаъолияти моро боз дошт. Бар замми ин ҳама сади роҳҳо боз гурӯҳи манфиатдор то ба вазир бо туҳмату дасисаҳо сиёҳам кардаанд.
Санаи 25 май. Пас аз муроҷиати ман аз вазорат сардори шӯъбаи ҳуқуқ Машарипов, сардори шӯъбаи ҳукумати вилоят Қ.Усмонов ва дигарон ба ҳукумати шаҳри Исфара омаданд. Боз маҷлису боз машварату боз тартиб додани протокол. Дар протокол ҳарфҳои раиси шаҳр ба таври зайл омадааст:
"...Бо хулосаи пешниҳодгардидаи санҷиши хизматӣ (апрели 2009) аз тарафи вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуррагӣ розӣ ҳастам, вале банди чоруми хулосаи мазкур, хубтар мебуд, мавриди санҷиш қарор меёфт"
Банди чоруми хулоса чунин мазмун дошт, ки хатсайри Нефтобод-Исфара ба ҷамъияти "Наҷот" ва хатсайри Сурх-Исфара ба ҶДММ "Танзим" вобаста карда шавад. Аз ин рӯ, комиссия қарор қабул кард, ки эътирози раиси шаҳр дар ин мавриди аз сари нав дида баромада шуда, тӯли даҳ рӯз комиссия бо сардории КВД А.Расулов ва сардори инспекцияи нақлиётӣ А.Аминов ташкил карда шавад.
Биноан 1 юни соли 2009 комиссия омад. Аммо на бо сардории ононе, ки дар протокол ному насабашон зикр шудааст, балки бо иштироки намояндаи ҳукумати вилояти Суғд, сардори шӯъбаи ҳамлу нақли КВД, сардори шӯъбаи техникӣ ва бехатарии КВД ва аз ҳукумати Исфара бо ширкати М.Мамадҷонов комиссия гӯё ба кораш оғоз кард. Пиндоштам, ки кунун ин масъаларо аз рӯи талабот ҳал менамояд. Аммо дар охир ягон самараи кор маълум нагардида, баръакс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор