Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

тафтиши оинномаву дигар ҳуҷҷатҳо сурат гирифту халос.

Муқобилонам диданд, ки тамоми чораандешиашон кор дод, ахиран мақолаи бӯҳтономезе дар саҳифаи рӯзномаи марказии "СССР" зери унвони "Моро аз "Наҷот" кӣ наҷот медиҳад?" моҳи июл ба чоп расониданд. Он чӣ дар таърихи фаъолияти ман, ки дар ин тӯли ҳафт сол гирд овардаму хонандагони азиз ноадолатиҳои муқобилонамро хонданд, дар мақолаи муаллифон бошад ҳамаш ба таври чаппа рӯи чоп омада буд. Дар мақола онҳо фариштаи бегуноҳу ман бошам сип-сиёҳ гунаҳкор.

Зери мақола имзои 33 нафар ронандагони се ҷамъият буд. Аз рӯи қонуни матбуот посухи мақоларо навишта ба даргоҳи рӯзномаи "СССР" бурдам. Сармуҳаррири ин газета Саёфи Мизроб маро шунидан нахост, ба муовинаш ишора карда гуфт, ки ӯ муҳаррир аст, ӯ бояд шуморо гӯш кунад.

Як корманди дигари рӯзномаи "СССР", ки дар лабаш чӯбчаи сигор дошту дар чашмонаш айнак буд, пас аз сӯҳбату мутолиаи ҷавобам гапро хоида-хоида ин сӯву он сӯ кашидан гирифт. Ахиран дилашро кафонд, ки 1600 доллари амрикоӣ барои чопи мақолаам бояд бидиҳам. 200 сомонӣ ваъда кардам, ки мондагиашро сонитар оварда медиҳам. Илтимос кардам, ки ҷавоби маро ҳам ба газетааш ҷой диҳад. Аммо ӯ нахост.

27 августи соли 2009 дар Исфара вобаста ба масъалаҳои марбут аз ҷониби масъулини КВД, ҳукумати вилоят, директори генералии автовокзалҳои вилоят Шарипов ва дигар чеҳраҳои пешин трагикомедия созмон дода шуд. Аҷаб ин буд, ки бе иштироки мо масъалаи моро мавриди баррасӣ қарор дода, бо салоҳдиди худ қарор қабул кардаанд. Қарори булъаҷаб ин аст, ки пурра бар хилофи хулосаи санҷишӣ-хизматии вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ хулосаи худро бароварданд. Бароям хандаовар буд, ки қаблан вақте ки вазорати нақлиёт хулосаашро бароварда супориш дод, барои иҷроиш айнан ҳамин масъулин имзо гузошта буданд. Инак, он хулосаро як сӯ гузошта, ба таври худ нақоранавозӣ карданд. Аз ҳама боз нафратовараш ин ки меҳнати 35-рӯзаи гурӯҳи кории вазорат бо сардории муовини вазир Ҳ.З.Худоёровро зерсохторҳои

пешина
аз 385
навбатӣ