Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

дар рухсораашон донаҳои ашк нахушкида буд, дастҳаҳои зебову сафедак ва фарбеҳаки худро боло карда, ғайриинтизор ба рақс даромаданд. Аз рақси онҳо илҳом гирифта як ду замзамае, ки медонистам такрор ба такрор ҷӯр кардан гирифтам. Дидам, ки ҳамаи кӯдакони маъсум домани якдигарро раҳо карда, гирдогирди долон ба рақс пардохтанд. Бо ишора аз онҳо дархост кардам, ки ба синфи мусиқавӣ дароянд. Онҳо бе ягон мамоният аз долон ба синф рақскунон даромадан гирифтанд. Мураббияҳо ва марди рус дар ҳайрат шуданд. Ин вижагии мусиқии миллӣ барои онҳо дар рӯз беҳтарин дарс буд. Кӯдаконе, ки ҳанӯз дунёро намефаҳманд ва табиист, ки ба эшон садои мусиқии аврупоӣ хуш намеомадааст. Чаро дар чунин ҳолат онҳоро маҷбур ба гӯш кардани садои мусиқии ғайримиллӣ маҷбур кунем?

Бо ин маънӣ ба марди рус хитоб кардам, ки дигар барои ин гурӯҳи кӯдакон мусиқии аврупоӣ нанавозад. Ба Карима фармудам, ки дар машғулиятҳои мусиқӣ ба тифлакон бо доира навоҳои миллӣ шунавонад. Ҳеҷ набошад бо воситаи магнитофон сурудҳои ҷолиби тоҷикиро ба кӯдакон пешкаш кунад. Карима аз дастам доираро гирифту аз шарм рӯяш суп-сурх шуд. Зеро ӯ мисли ман навохта наметавонистааст.

-Каримахон, -ба ӯ бо меҳрубонӣ муроҷиат кардам,- мураббия бояд тамоми кори тарбияро тавонад, наметавонам нагӯед,-бо ҳалимӣ ба ӯ фаҳмонидам.

Пас аз машғулияти мусиқӣ ба утоқи кориам мураббиягон Самияхон, Шоира, Омина ва ду се нафари дигар даромада, хоҳиш карданд, ки барои бо забони тоҷикӣ навиштани нақшаи кориашон иҷозат диҳам. Ман аз дархости онҳо дар ҳайрат шудам.

-Марҳамат навиштан гиред, кӣ садди роҳи шумо мешавад?

Онҳо бо як овоз гуфтанд, ки гӯё методист Петрова нақшаи кории забони тоҷикиро намепазирад.

Ин нуқтаҳо маро то утоқи кории Абдуҷаббор Каттаев бурд. Ба он кас аз ҳиссаи мусиқӣ ва дархости мураббиён нақл кардам. Он кас баробари шунидан ҳайратзада шуданд ва

пешина
аз 385
навбатӣ