Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

"Офарин Наҷотхон" гуфта таҳсинам хонданд. Мақсади худро боз рӯшантар карда аз эшон дархост кардам, ки барои гирифтани як навозандаи дигар, ки бо асбобҳои мусиқии миллӣ навохта метавонад ва методисти тоҷик иҷозат диҳад.

  • Барои хароҷоти кӯдакистон, мо аллакай сари сол аз ҳисоби завод ҳисобу китоб кардаем, - канда-канда андешамандона посух гуфтанд Каттаев, - он чӣ ки шумо дархост мекунед, мо наметавонем ба навозандаи нав ва як нафар методисти дигари тоҷик маош пардохт кунем, зеро рӯйхати хароҷоти маош низ аллакай дар сатҳи боло тасдиқи худро ёфтааст. Бар замми ин медонед-ку, мо агар гӯем, ки навозандаи миллӣ ё методисти тоҷик, онҳо ба шубҳа мераванд ва ғавгои нави дигар ба кӯдакистон меояд.

Дидам, ки аз пеш овардани ин маслиҳат пеши Каттаев мурод ҳосил намешавад, тасмим гирифтам, ки худам навозандае меёбаму маоши худро ба он нафар пардохт мекунам. Ҳадафи ман низ як чиз буд: Бедор сохтани ҳиссияти миллӣ дар ботини тифлакони биҳиштсират, дигар ҳеҷ чиз!

Аз пеши худ ин корро ба зиммаи худ гузоштам. Баъди даву този зиёд марди навозандаи созҳои миллиро дарёфтам. Ба ӯ тарзи гирифтани маош, ки аз ҳамёни ман пардохт мешуд, фаҳмонидам ва мо ба ризогии тарафайн омадем, ки ӯ аз оғози ҳафтаи нав ба кор шурӯъ мекунад. Аммо ба кор ҷалб кардани методисти тоҷик бароям муаммо буд. Ҳамин тарз навозандаи созҳои миллӣ дар боғча ба кор шурӯъ кард. Аммо ман бехабар, ки ин амали ман муште ба сари худ будааст. Зеро аз саломи тоҷикии ман ва танинандоз кардани сози миллӣ дар боғчаи бачагон Ольга Петрова, Элмира Чикаева, тоторзан Хатамова, Зотова ва дигар афроди ғайритоҷик ба шӯр омаданд. Надонистам, ки бо ин амали хайрам онҳо ба исён меоянду мани ба қавли онҳо "миллатгаро"-ро бо сияҳномаҳои хеш дар ба дари мақомот сиёҳ мекунанд.

Инак, ин оғози муносибати бади Ольга Петрова, ки дар кӯдакистон яке аз нафарони калидӣ будааст, нисбат ба ман сар шуд. Аҷибтар аз ҳама пиромуни ӯ ҳаммаслаконаш низ

пешина
аз 385
навбатӣ