Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

намешуд, хориаш омада, ашк мерехту мерехт. Садои дили ӯ ва танбӯр ба ҳам чун гули баҳор мегиристанд. Шоҳасари безаволи халқи ситамкашидаи «Шашмақом» ҳузни алами дилашро тоза ва бори ғамашро андак сабук мекард.

Сайди ба дом афтода, ин марди дар охири тангкӯҷаи сарбаста ночору ноком монда бовар надошт, ки пули калони зери қадами дуздон нисоркардааш ӯро аз ин вартаи фалокат сиҳату саломат берун мебарорад. Ҳа, гург барраро барои гӯшташ шикор мекунаду медарронад. Ба гург ҷони барра лозим, на гӯшташ. Ба дуздон ҳам ҷони ӯ заррае ҳеҷ зарурате надорад. Вале шоҳиди зинда, ки ҷон дорад забони гӯёаш ҳаст. Шоҳид набояд сухан гуфта тавонад, сароянда гирёну нолон аз Худои меҳрубон илтиҷокунон оқибати кори худро меандешид. Ӯ марди табиаташ ором ва ҷасур аст. Ҳарчанд сину солаш ба ҷое расидааст, бо чанд мард сар ба сар шуда метавонад. Лекин аз гузашти рӯзгор, аз таҷрибаи худ медонад, ки чандин бор ба марг рӯ ба рӯ шуд, вале на бо зӯри мушту ангушт, сухани дурушт, балки бо хираду фарҳанг, суруду оҳанг фируз шуд. Борҳо аз чанголи марг раҳоӣ ёфт. Соли 1934 ӯ он ҳангоми ҷавони таҳамтан бо тӯҳмати бофтаю сохтаи "душмани халқ", "Домуллои бойбача" думи Нусратуллоҳ Махсуми зиндонӣ карданд. Муфаттише ӯро бо саволҳои якрангу якоҳанг таҳқиру таҳдид ва бо лату кӯб безор кард. Хушбахтона ӯ забони русиро медонист тӯҳмату бӯҳтонро рад мекарду мефаҳмонид, ки ӯ писари косиби бечора аст, муаллим мебошад, ба фарзандони мардум хату савод меомӯзад. Ӯро натанҳо дар Исфара, Панҷакент ва ҳатто дар Душанбею ноҳияҳои вилояти Кӯлоб чун шахси маърифатпарвар, муаллим, мудири шӯъбаҳои ноҳиявию вилоятии маорифи халқ, яке аз барпокунандагони театр дар пойтахти Тоҷикистон, театри шаҳри Исфара, ташкилкунанда ва роҳбарии нахустин рӯзномаи шаҳрӣ ва матбаа, ҷонишини раиси шаҳри Исфара мешиносанду ҳурмат мекунанд. Агар ӯ фарзанди одами камбағал намебуд, магар бо ин вазифаҳои масъул мегузоштанд? Ӯро адибони бузурги номӣ - С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ҳ.Карим, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Шарифҷон

пешина
аз 385
навбатӣ