Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

зиёде як танбӯрчае сохта, тӯҳфа кард. Ибниямин бо як чолокии ҳайратангез ба зудӣ навохтани танбӯрро аз падар омӯхт. Устои сахтгир аз ҳунармандии фарзанди дилбанд кӯдаквор шодӣ мекард. Акнун ба хона меҳмоне ояд, усто мефармуд, ки писараш дар ҳузури онҳо бошаду аз сӯҳбати одамони мӯътабар бархӯрдор гардад. Бо дархости падар машшоқи наврас ҳунарнамоӣ намуда, ба дилҳои аҳли нишаст ҳузуру сурур мебахшид ва ба қавле сари падарро ба осмон мерасонд. Худ ба меҳмонӣ равад ҳам писарро бо худ мебурд. Барору пешравӣ ва комёбии фарзанд барои ҳар падару модар аз нусрату омади кори худашон нишотовар ҳаст.

Тирамоҳ. Овозаи сури хатнаи Сунатуллоҳӯҷабой ба Исфара нағунҷида, то атрофу акноф паҳн гашт. Сур бе базму суруду наво сур ҳам несту шодию хурсанди ҳам намешавад. Ҳофизони хунёгарони номдори Тошканд бо сарварии Шоҳбароту Мулло Тӯйчӣ Ҳофиз ҳам ташриф оварданд. Бо сӯҳбати хоса бо номи "Чимбазм" усто Исомиддин ҳам даъват шуд. Ҳофизони тошкандӣ ӯро ҳамчун устои ҳунарпеша ҳурмат мекарданд. Ва ба Исфара оварданд. Ӯро надида намерафтанд.

Усто ба назди меҳмони мӯътабар бо дастурхони фатирҳои равғанину ҳалвои тари хушлаззат ҳамроҳи писараш омад. Ибниямин бо фармоиши падар танбӯрча ва як танбӯри навсохтаашро ба матои печонида овард ва ба меҳмонхонаи васеи пуродам даромад. Аксари нишастагон фозилону ҳакимони Исфара буданд.

  • Писарам, нағз гӯш андоз. Шунаву бин, ки ин амакмуллоҳо чӣ хел навозишу хониш доранд.

Писарбача, ки бори аввал дар чунин базму бошукӯҳ менишаст, ҳангоми ҳунарнамоии санъаткорони номдор худро дар як олами пурафсуни афсонаю ривоятҳо ҳис мекард. Ӯ таъсиру қудрати мусиқии аслро то ин дараҷа нағз эҳсос мекард. Баъзеҳо маст шуда, бо чашмони нимхоб сарашонро беист алвонҷ медоданд. Муллоҳои бовиқору мӯйсафедони солор ҳоло сабру қарор аз ихтиёр дода, нидоҳои "оҳу воҳ", "доду бедод", "ваҳ-ваҳ", "вай ҷоне куштед", "адо кардед" ва мисоли инро ҳар

пешина
аз 385
навбатӣ