Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

буданд. Номаҳои пур аз ихлос. Мазмуни ҳамаи номаҳо қариб, ки ба ҳамдигар шабоҳат доштанд. Яъне, аз омода намудани чунин як методи нави пур аз маҳзани ганчинаҳои одоби ниёгон, Ҳадиси устоди олами башарият Муҳаммад (с) ва намунаҳои адабиёти классик баргирифта аст, маълумам шуд, ки таваҷҷӯҳи мусбати устодони суханро ба худ кашидааст.

Ҳатто аз ҷониби олимони методисти кишвар дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ аз китоби ман пуштибонӣ мешуд, ки мазмуни он низ дар коргузории даргоҳҳои тарбия ба роҳ мондани дастури "Хишти аввал" буд. Ин гуна бархурд маро боз болидарӯҳ сохту шукронаи Худой кардам, ки маҳз бо инояти Ӯ ҷӯйин маҳсули дастранҷи ман пешкаши ҳамагон ва аз ҷониби вазорату устодони донишкадаҳо ва Пажӯҳишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҷонибдорӣ гардид.

МутаАССИФОна, ба ҷои ин гуна қадрдонӣ дар ноҳияи Исфара алангаи хусумату бадбинӣ алайҳи камина боз ҳам аз пештар бештар болотар шудан гирифт. Ба хусус, вақте фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон худи моҳи апрели соли 1991 дар бораи интихоб ва таъин гаштани ман ба аъзои концепсияи миллии вазорати маорифи Тоҷикистон содир шуд ва ҳамзамон нусхаи фармон ба шӯъбаи маорифи Исфара ирсол шуд, ман хеле хубтар он лаҳза бо осонӣ дӯстро аз душман фарқ кардам. Пеш аз он пиндошта будам, ки бо судури фармон дар шӯъбаи маориф хуш пазирой мешавад. Аммо на ҳамеша хаёлҳои мо бо ҳақиқати кор рост омадааст.

Аввалин нафаре, ки баъди судури ин фармон муқобили ман шӯриш бардошт, методисти шӯъбаи маорифи ноҳия Л.Н.Диброва буд. Зеро ӯ рӯирост ба ман таҳдид карда гуфт:

-Аҷоиб, ту бо кадом роҳҳо роҳи вазоратро шинохтӣ? Барои чӣ маҳсули кориатро ба ман аввал нишон надода, рост бурда, ба вазорат худро намоиш додӣ? - Диброва чунон ҳарф мезад, ки гӯё ман аз хонаи ӯ кӯзаи тиллоиро дуздида бошам. Чашмонашро аз қосахонаи сараш бароварда, оби даҳонашро ба чор тараф чошу пош карда, чунон бо ҳарорат сухан мегуфт, ҳар бинанда гумон мекард, ки худи ҳозир ӯ ба сарам мушти обдоре

пешина
аз 385
навбатӣ