Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
мефарорад. Раги гарданаш чунон тоб хӯрда баромада буд, ки гумон кардам ҳозир аз фарёди гулӯдарронаш раги гарданаш канда мешавад. Чашмонаш суп-сурх оташ гирифта буд.
Диброва бо Солиев, Олга Петрова ва дигар ҳаммаслаконаш аз рӯзи аввал ба кори тарбиявии ман муқобилати сахт нишон медод. Бадии кор ҳам дар ин буд, ки дар сатҳи ноҳия ба кори ман аз паси панҷа менигаристанду дар сатҳи ҷумҳурӣ бо нури чашм.
Моҳи июни соли 1991 маро ба кори аз назаргузаронии консепсия аз ҷониби вазорати маорифи Тоҷикистон ба Душанбе ба Пажӯҳишгоҳи улуми педагогӣ даъват карданд. Дар кори аз назаргузаронӣ бисёре аз устодони каломи бадеъ ва тарбиявии кишвар маро диданд, аз самими дил табрикам гуфтанд ва таълифи "Хишти аввал"-амро сари вақт ва хеле ба талабот ҷавобгӯ арзёбӣ намуданд. Аз ростӣ, як лаҳза дур аз зодгоҳе, ки ин қадар ба сарам кулфату кашмакашҳоро овардааст ва вохӯрӣ бо чунин афроди саршиноси ҷумҳурӣ бароям хеле гуворо буд. Баромади ман он ҷо хеле хуш пазируфта шуд. Табъам дучанд болида гашт. Қариб як моҳ аст, ки ман дар Душанбе кинояю пичинг ё таҳдид намешунавам. Беҳтарин рӯзҳоям буд, баъди бетанаффус мубориза бурданҳо, кӯй ба кӯй давидану дар худ тапиданҳо.
Сафари мо як моҳ тӯл кашид.
Ба Исфара омадаму дарёфтам, ки дар заводи "Кимё"-и Исфара семинари мудирони кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ мешудааст.
Қариб дар ҳар як кӯдакистонҳои ноҳия ҳар моҳ семинар
баргузор мегардид. Тааҷҷуббарангез он буд, ки ман ба ягон
семинар даъват намешудам. Ҳарчанд гӯшам ҳаво меёфт, ки
семинар мешудааст, аммо аниқ намедонистам, ки ҷои
баргузории семинар куҷост. Махсусан маро аз шӯъбаи маориф
беогоҳ мемонданд, ки инро хеле хуб пай бурда будам. Диброва
баъди баргузории ҳар семинар маро дар издиҳом муттаҳам
мекард, ки чаро ба семинар ҳозир нашудам. Ӯ маро худписанду
олимтарош номид. Ҳеҷе намегуфтам, зеро медонистам, ки ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё