Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Диброва сухани ҳар баромадкунандаро бо иштиҳои том гӯш мекарду "бале, офарин" мегуфту бо як овоз ба шӯриш ҳамроҳ мешуд. Ба ман бисёр аламовар буд, ки Диброва ҳарчанд ғайритоҷик бошад ҳам, парвардаи марзу бум ва обу хоки Тоҷикистон аст. Ӯ аз он рӯзе, ки худро мешиносад, расму оини миллати моро медонад. Бо вуҷуди ин, Диброва метавонист ҳамчун роҳбар-сарвари мудирону мураббиёни шаҳр ҷониби муросову мадороро мегирифт ва ҳаммилатони ба шӯру ғавғо омадаашро ба оромӣ даъват мекарду тарафи мусолиҳатомези тарозуро медошт. Аммо ӯ ин корро накард. Гузашта аз ин, ӯ метавонист ҳаммилатонашро таъкид мекард, ки "ин танҳо лоиҳа аст, ҳанӯз фармон ё қарору қонуне нест, дар сурати норизо будан, фикру мулоҳизаатонро ба вазорати маориф дар шакли хаттӣ ирсол кунед". Аммо ӯ ин андешаро накард.

Аз муносибатҳои эшон маълумам шуд, ки ҷамъомади имрӯза на барои баррасии лоиҳа, балки ба хотири сарзанишу маломати ман барпо кардаанд. Бадии кор дар он буд, ки мудири кӯдакистони №41 Ф.Савриддинова, ки худ тоҷик асту тоҷикзода, ба онҳо ҳамоҳангӣ мекард. Ҳаволаи ӯро ҳам дар қатори дигарон ба Худованд супоридам.

Баъди анҷоми ҷаласа апаи Ҳалимахон ва мудири боғчаи №2 Заҳрохон маро ба канорае кашиданду рафтори онҳоро маҳкум карданд. Онҳо низ бечоранолӣ мекарданд, зеро медонистанд, ки алайҳи ҷараён шино кардан ба ғайр аз ҳалокат дигар чораеро пеш намеоварад. Аз ин рӯ, маро таскин дода, даъватам карданд, ки ором бошаму саломатии худро эҳтиёт кунам.

Аз ҷаласа баромада, на ба коргоҳ, балки ба хона шитофтам. Чун донистам, ки ҳолам бад шуда истодааст ва ман наметавонистам бо ин рӯҳия ба ҳузури кӯдакони маъсум биравам. Чашмонам аз гиря варамида буд.

Ду-се рӯз ба худ наомадам. Шабҳо хоб чашми маро тарк гуфт. Ҳарфҳои қабоҳатбори онҳо дар гӯшам ҷарангос зада садо медод. Кори дилам баъди он гоҳ тез мешуду гоҳ суст. Ба саломатиам нигоҳ накарда рӯзи чаҳорум аризаи шикоятӣ

пешина
аз 385
навбатӣ