Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
навиштам. Дар аризаам ишора кардам, ки Диброва ва дигарон маро таҳқир карданд ва ин амали онҳо мавриди муҳокима қарор дода шавад.
Баъди ду ҳафтаи аризаамро супоридан, раиси иттифоқи касабаи маориф Тӯхтаев, методисти маориф Маҷидов ва Аҳмадова инчунин Диброва дар ҳузури ҷамъи намояндагони кӯдакистон аризаи маро муҳокима карданд. Аз ҳама чизе ки чашмдор набудам, методисти маориф тоҷикзан Муҳаббат Аҳмедова дар рафти муҳокима аз ҷояш бархосту тамоми далелу асосҳои дар аризаам овардаро дурӯғу бӯҳтон номид. Ҳарчанд ӯ дар ҳамон ҷаласаи дар заводи "Кимё" баргузор гардида ҳузур дошту тамоми таънаву маломатро бо гӯши худаш шунид. Ӯ ҷониби Диброваро гирифта:
- Дар ҳаққи як инсони комилу донишманд (ӯ Диброваро дар назар дошт) тӯҳмат задан худ як беадолатист. Бар замми ин саводе, ки Диброва дорад, мӯҳтарама Исомаддинова як зарраашро надоранд.
Баъди ҳарфи ӯ дидам, ки кулли масъулини ҷониби Диброва ва Муҳаббат Аҳмадоваро мегиранд, аз ҷоям боло шудаму рост баромада аз ҷаласа рафтам. Намедонам баъдан маориф дар ҳаққи Диброва чӣ гуна муносабатро раво дид. Аҳамият ҳам надодам ва аз касе ҳам напурсидам, ки оқибати муҳокима чӣ шуд. Аммо мушоҳида кардам, ки баъди он Диброва боз болу пари худро васеътар ёзонида алайҳи ман бо ҳаммаслаконаш дасисаро идома дод. Масъулини фишангдории шӯъбаи маориф низ аз ин гурӯҳ метарсиданд, аз ин рӯ, маълумам шуд, ки ҳеҷ чора дар ҳаққаш надидаанд.
Ҳамаи ин як тарафу танҳои ва бепуштибонии ман як тараф буд. Зеро ҳар замон душмани ман ба ҳар ҷое, ки шикоят баранд, дарҳол шикояти онҳо дастгирӣ ёфта ҳамаҷониба дар маҷлисҳои калон муҳокима мешавад, аммо ман шикоят барам баҳонаву дигар канораҷӯйҳо буд.
- Худатон ҳисобашро ёбед, мо кори зиёд дорем ба ғайр аз ҷанҷоли коргоҳи шумо. Дилашонро ёбеду корро пеш баред, вагарна аз вазифа мемонед, - таҳдиди рӯйирост дар бадали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё