Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
директори завод Каттаев ҳозир шудам. Дақиқ шуморидам, ки бисту як нафар аъзои комиссияи аттестатсионӣ мисли ҳарфи "Г" даврак зада нишастаанду дар садри ин аттестатсия директор Каттаев нишастааст. Ман бошам дар рӯ ба рӯи аъзои комиссия дар як курсии лоубол мисли гунаҳкоре нишастам. Ин маҳфил на ба аттестатсия монанд буд, балки ба як суд ё қозиёте шабоҳат дошт, ки гӯё гунаҳкоре ҳукми қатл гирифта истода бошад.
Қаблан медонистам, ки аттестатсия бо на беш аз панҷ нафар аъзои комиссияи босалоҳат баргузор мешуд. Ин ҷо барои ман бисту як аъзои комиссия. Аз ҳама аҷиб ва хандаовараш ин аст, ки бояд аттестатсия барои як гурӯҳи мудирон баргузор мешуд, аммо ин ҷо аттестатсия танҳо барои як ман баргузор гардид.
Мудири кӯдакистони №41 Фариза Савриддинова, аз тарафи поён дар курсии миёна менишаст. Ман бошам, бо алами марги падар сархам будам. Ин сархамии алами таъзияи маро эшон дида, гӯё ба ҷои шикастанафасиву гунаҳкории ман қабул карда, ба саволборон гузаштанд.
Ба ҳар як савол бо забони бурро посух гуфтам. Ҳар боре ҷавоб медодам, Фариза Савриддинова, ки аъзои комиссия буд, "чуқ-чуқ" карда мемонд. Бо амалаш ӯ тавре вонамуд мекард, ки гӯё посухҳои ман ӯро қаноатманд нагардонидааст. Аз чуқ-чуқи ӯ дигарон илҳом гирифта, ҳар як посухи маро мавриди сарзанишу маломат қарор доданд.
Дидам, ки аъзои комиссия қаблан забон як карда будаанд, танҳо Маргарита Снеговская ҳамеша аз ман ҷонибдорӣ мекарду бароям маслиҳатҳои муфид медод, маро ҳушдор карда буд. Гузашта аз ин, хеле хуб тариқи қонунҳо медонистам, ки аттестатсия барои масъулини даргоҳи тарбияи кӯдакони томактабӣ то се соли аввали фаъолияти сарвари боғча ғайриқонунист.
Хашмам боло гирифту аз ҷой хестам. Рост ба рӯи директор Каттаев нигоҳ кардаму:
— Муаллим, хоҳиш мекунам маро дуруст фаҳмед. Ин турфа,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё