Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ки худро босавод метарошанд,-ишора ба аҳли комиссияи аттестатсионӣ кардам, - бояд донанд, ки ин аттестатсия ғайриқонунист. Ягон нафар фаъолияти маро ҳақ надорад, ки бо чунин таҳқир маро аттестатсия кунад. Ба вижа шумоён мӯҳтарам аъзоёни комиссия, - оташи чашмамро ба ҳар яке эшон нишон дода хитоб кардам. - Ман ин аттестатсияро ғайриқонунӣ унвон мекунам ва даъво пеш меорам, ки ин ҷо пушти парда кори муташаккилонае ҳаст, ки муаллифони хуби сенарияи саҳнаи имрӯза ҳастанд.
-
Ба ҷоятон нишинед, - дасташро ба рӯи миз оҳиста зада, суханамро бурида гуфт Каттаев.
-
Не ман дигар наменишинам, - аз чашмам ашк ҷорӣ шуд. Худамро дошта натавонистам. - Шумоён агар инсоф медоштед, 21 нафар ҷамъ намеомадед, агар имрӯза ҷамъомад сенарияи шубҳаноки пешакӣ намебуд, дар рӯзи бистуми таъзияи падарам, маҳз дар рӯзи хатмшиканон ин аттестатсияи бемаъниро намегузаронидед. Ин кори шумоён ғайриқонунист. Ҳаволаи ҳар яки шумо ба худо, - ин ҳарфро гуфтаму гирякунон аз утоқи кории Каттаев бидуни он ки аз ягон кас иҷозат пурсам, берун шудам.
Раҳораҳ намедонистам куҷо рафта истодаам. Бо олами худам овора, яке дидам, ки дами дарвозаи Кумитаи партиявии шаҳри Исфара қарор дорам. Бе ягон андеша рост ба қабулгоҳи Гулафзо Савриддинова баромадам. Аҷобат дар он буд, ки дар қабулгоҳаш ягон касе набуд. Ин фурсатро ғанимат шуморида, рост дари утоқи Савриддиноваро кушодам. Савриддинова ҳам дар ҳайрат шуда сардакак бо ман салом кард. Ҳамоно беист аз чашмам ашк ҷорӣ мешуд. Надонистам, ки аз чӣ сар кунаму чӣ бигӯям.
- Ба шумо чӣ шуд Муноҷотхон, чаро гиря мекунед, ором шавед, - гуфтани Савриддинова маро андак ба гуфтани ҳарфҳои дилам водор кард.
Гарму ҷӯшон ва бо ҳарорат он чӣ ки имрӯз қонунӣ ва сохтакорона шуда гузашт, бе ягон ибову иштибоҳ ба нақл пардохтам. Аз беадолатии масъулин ва кӯдакдилию рӯҳияи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё