Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

миллаткушии онон гуфтам. Хуллас, агар нолаи маро санг мешунид, бовар дорам, ки об мешуд. Рӯи ниёз овардан, ба сарвари як ноҳия, гузашта аз ин ходими собиқадори соҳаи роҳбарӣ, ки шояд мисли ман ҳам ӯ аз сараш чунин ноадолатиҳоро гузаронидааст тасодуф нест. Ба он хотир ба Гулафзо Савриддинова дарди диламро кафонидам, ки ӯ низ зан-модар аст ва ҳатман дардномаи дили занро хондан бароиш осонтар аз он аст, ки марди бедарде бо тамоми вуҷудаш дарк кунад. Умедам аз ин гиряҳо худсафедкунии хештан набуд, балки рӯи кор омадани ҳақиқат ва дастгирии як зани муштипар, ки зиёда аз як сол зери зулму истибдод ва дасисаҳои як турфаи ғайритоҷик ва ҳаммаслакони тоҷики тоҷиккушро дидааст. Аз Савриддинова бисёр умедам калон буд. Зеро муаллима хуб медонист, ки ман духтари устоди падараш ҳастам, падараш Савриддинов солҳои сол дарси зиндагӣ ва улуми мухталифи дунявиро аз падарам омӯхтаанд. Аммо тарбуз аз бағалам афтид. Ғайриинтизор он чӣ ки умед доштам, ӯ бо як қабоҳату қароҳат сардакак гуфт:
-Ҳамаи кор дар доираи қонун ҳал мешавад. Агар аз амалкарди ҳамкоронатон ва ғайриқонунӣ ташкил шудани аттестатсия норизо бошед метавонед ба суд ариза нависед. Суд одилона корро ҳал мекунад, -ҳамзамон ӯ чунон ҳарф мегуфт, ки ба рӯям нимнигоҳе ҳам намекард. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки аз санг садои тарахҳум мебарояду аз ин зан не.
-Муаллима наход ин ноадолатиҳоро дида ба андеша наравед. Ману шумо он қадар бегона ҳам нестем, -боз садои гирям баландтар шуд, аммо ба хотири он ки ӯро мушаваш насозам худро ба даст гирифтам. -Медонед, ки падарам ба қарибӣ даргузаштанд ва имрӯз рӯзи хатмшиканони он кас аст. Марги падарам танҳо мотами мо фарзандонашон нест, балки мотами кулли аҳли маориф ва ҳукумати шаҳр аст. Сарчашмаи таъсиси маориф ва дигар ҷодаҳо аз падарам маншаъ гирифтааст. Бо ин либоси сиёҳи мотамӣ хуб намешавад, ки дар ба дари суд гардам. Раёсати завод ва масъулини шӯъбаи маориф магар намедонанд, ки падарам дар рушду нумӯи

пешина
аз 385
навбатӣ