Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъди сукути андак ва хомӯшӣ ихтиёр карданам, тасмим гирифтам, ки бояд коре кард, ки ҳақ ба ҳақдор расад. Аз ин рӯ, ба номи раиси суди халқии шаҳри Исфара Тошӣ Сангинов аризаи шикоятӣ навиштаму даъво пеш овардам, ки ғайриқонунӣ маро аз кор маҳрум карданд.

Тошӣ Сангинов низ маро ба ҳузураш пазируфта, ваъда кард, ки ин парванда зери назорати ӯ ва раисикунандагии бевоситааш қарор мегирад. Ӯ ваъда кард, ки ҳар касе, ки бароям ноадолатӣ кардааст, аз рӯи қонун истинтоқ карда мешавад ва дар ҳузури қонун ҷавоб хоҳад дод. Ӯ чунон бо ҳарорат ва як навъ дилсӯзона ба ман ваъда кард, ки ман ба ӯ бовар варзидам ва ҳангоми рафтан аз ӯ бисёр сипосгузориямро бармало кардам. Тошӣ Сангинов низ яке аз ҳаводорон ва мухлисони падар буд, ки гоҳ-гоҳ ба аёдати қиблагоҳиам меомад. Ман аз ӯ умеди калон доштам.

Аммо ман бехабар аз он ки вазни масъулини завод ва маориф то ҷое қадр доштааст, ки боздиду баррасии парвандаро раиси суд Сангинов ба судяи дигар супорид. Аз рӯзе, ки бо даъвои ман суд ба кори худ оғоз кард, барои ман боз ноадолатии дигар дар суди шаҳрӣ аён шуд. Зеро дидам, ки раисикунандаи парванда на Тошӣ Сангинов, балки дигар судяи суди шаҳрист. Маълум гардид, ки пеш аз як рӯзи боздиду баррасии парванда Сангинов ба рухсатии беморӣ баромада будаасту муҳокимаи парвандаро ба муовинаш вогузоштааст. Аз ин бархурд тахмин задам, ки кор на ба ҷониби ман, балки ба ҷониби муқобилонам ҳал хоҳад шуд. Тавре тахмин зада будам, мурофиаи судӣ ба ғалабаи масъулини заводи металлургӣ, Диброваю ҳаммаслаконаш ва ба шикасти ман анҷом пазируфт.

Бароям аз ҳама хандаовараш ин буд, ки вақте раисикунандаи парванда ҳукмро хонда, "ноҳақ"-ии маро исбот кард, баръало дидам, ки Эшонову Солиев ва Тӯхтаеву дигару дигарон "ура"-гӯён ҳамдигарро бӯсаборону оғӯшкаш мекарданд. Бисёр манзараи кӯдаконаву бемаънӣ ва як навъ хандаовар ба назарам тофт. Онҳо ҳамдигарро табрик

пешина
аз 385
навбатӣ