Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мекарданд. Аз ростӣ, тӯли чанд рӯз аст, ки ман андӯҳзада будам. Аммо дар ин рӯзи суд бовар кунед, аз самими дил хандидам. Зеро ин гурӯҳи хеле бузург халосӣ аз дасти як занро ғалаба пиндоштаву "урра"-гӯён ҳамдигарро оғӯшу бӯса мекарданд. Баръало дидам, ки ҳамаашон назди судя омада бо навбат ӯро ба оғӯш кашида самимона мебӯсиданд. Бо завқи том ба ҳолашон хандидам. Зеро аз чеҳраашон ва қаҳқаҳаву шодияшон тахмин задан мушкил набуд, ки гӯё аз дӯзах халос шуда бошанд.

Баъди чанде мураббиҳои тоҷикро дидам, ки бечорагон аз кор рафтани ман хеле бечораҳолу музтар шудаву дар ҷамъияти русҳову тоҷикони русмаъоб хеле қимоб шудаанд. Аз гуфтаашон маълумам шуд, ки баъди аз кор барканор шуданам онҳо хеле шодикаф шуда, ҳатто як оши худой ҳам кардаанд. (Аҷаб, аз бехудоён оши худой чӣ гуна рӯйидааст?) Дар ин маҳфил оши худоие, ки бахшида аз кор рафтани ман кардаанд, Эшонову Солиев, Тӯхтаеви ҳуқуқшинос, Людмила Диброваю Ольга Петрова, Хатамова, Шарифуллина, Зотова ва чанде дигарон низ иштирок дошта, ҳатто ба ин муносибат нӯшбод ҳам гуфтаву маҳфили рақсу суруд ҳам баргузор намуда будаанд.

Каримаву Омина бисёр афсӯс хӯрданд, ки ман барканор шудаам. Онҳоро тасаллӣ додаму гуфтам:

  • Ҳеҷ кор бе иродаи Худованд намешавад, дар ин кор ҳикмате ҳаст, ки ҳатман рӯзе шоҳид хоҳед шуд, ки чӣ гуна ҳақ аз болои ботил ғалаба мекунад.

Қаблан медонистам, ки дар шаҳри Исфара аз Наил Акчурин миллаташ тотор, дида адвокати хубтару босаводе нест. Ӯ ҷавони қоматбаланд, миёнҳол буд. Абрӯвонаш сиёҳи қиррадор ва чашмони обии шабгун дошт. Чеҳрааш на доирашаклу на дарозрӯяи сафедандом буд. Хеле ҷиддӣ сӯҳбат дошту басо пурмағз ҳарф мезад. Сару либоси шинам ва хеле босалобат менамуд. Ҳар парвандае, ки ӯ ҳимоятгараш мешуд, ҳатман ғалабаро ба даст меоварду халос. Тамоми суду прокурорҳо низ вақто медиданд, ки

пешина
аз 385
навбатӣ