Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мушовирони хуб доштанд. Ҳадаф аз ин кор танҳо як чиз буд:
Аз по афтонидани ман, дигар ҳеҷ чиз.

Онҳо як навъ ба мақсади хеш расиданд. Таҳти фишори онҳо аз дида баромадани парвандаи ман суди халқии ноҳияи Конибодом сарпечӣ кард. Аз ин пешомад Эшонову Солиеву Тӯхтаев боз як қабати дигар гӯшт гирифтанд. Онҳо инак мағлубияти дубораи маро мунтазир буданд. Зеро, ба пиндори онҳо президиуми суди вилоятӣ парвандаро чун дафъаи гузашта ба фоидаи онҳо ҳал хоҳад кард. Ман низ ба ҷон расида будам. Розӣ будам, ки суди вилоятӣ бошад ҳам, корро ба анҷом расонаду ман низ аз ташвиши рӯзгор халос шавам.
Сидқан иқрор мешавам, ки ба гумони ман низ дар суди вилоятӣ онҳо пуштибони зӯр доштанд, ки дафъаи гузашта қарори суди вилоятӣ оид ба корҳои шаҳрвандии вилояти Ленинободро тавассути президиуми суди вилоятӣ бекор карданд ва инак боз маймунбозии дигарро дар суди ноҳияи Конибодом ба роҳ монда тавонистанд.

Бо ин андешаҳо рӯзе ба ҳузури Акчурин омадам, ки ӯ рӯҳи шикастаи маро диду гуфт:

  • Муаллима, зиқ нашав, дар президиуми суди вилоятӣ намояндаи суди ноҳияи Конибодомро сарзаниш карда гуфтаанд, ки ин чӣ бесалоҳиятист, ки парвандаро комилан баррасӣ накардаед.

Аз ин рӯ, осуда бош, парвандаро боз ба муовини суди ноҳияи Конибодом Манзура Мамадова супоридаанд, - аз чеҳраи Акчурин барқи шодӣ нурафшон буд. - Мамадова хеле зани дақиқҳору ҳақиқатҷӯ аст, - илова намуд Наил.

Воқеан, баъди нисфирӯзии он рӯз аз суди ноҳияи Конибодом барқия омад, ки ба ҳар роҳе, ки набошад, парванда баррасӣ карда мешавад. Ин дафъа тавре дар боло ишора кардам, сарнавишти парвандаи ман ба ҷонишини раиси суд Мамадова супорида шуда будааст.

11 феврали соли 1993. Бо даъвати суди халқии ноҳияи
Конибодом қариб соати 8-и субҳ ману ҳимоятгарам ба суд
ҳозир шудем. Ба дарвозаи суд нарасида будем, ки муқобилони

пешина
аз 385
навбатӣ