Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ман низ омаданд. Онҳо чун пештар як автобус набуданд. Танҳо ҳамон се нафар ҷавобгар буданду халос. Ин лаҳза Дадоҷон Норматов низ омада расид, ки ман ӯро тавассути телефон худам даъват карда будам. Боз Солиеву Эшонов ва Тӯхтаев чун мурғи посӯхта ҷои нишаст наёфта, пеш аз оғози мурофиаи судӣ ба ҳузури раиси суд Мазбутов даромада шикоят карданд.

Пас аз фурсате котибаи Мазбутов ба наздам омада дархост кард, ки ба қабули раиси суд дароям. Дар утоқи корӣ дидам, ки Мазбутову Мамадова ҳар ду маро мунтазир будаанд.

— Исомаддинова, биёед бо роҳи муросо корро сар кунем, — бо оромӣ ба сухан даромад Мазбутов. — Агар хоҳед, ки кор тезтар ҳал шавад, хуб мешуд журналистон дар ҳоли ҳозир ба суд иштирок накунанд. Ба фикрам ин кор дар рӯзи аввали суд босалоҳтар аст, рӯзи дигар бошад, мо худамон иҷозат медиҳем, ки журналистон иштирок кунанд, — андак бо оҳанги илтиҷоомез ба рӯям нигоҳ карда хитоб кард Мазбутов.

— Охир иштироки онҳо ба рафти суд чӣ хел халал мерасонад? — ман ҳам ба илтиҷо даромадам. — Ман барои ҳақиқати ҳолро донистани бисёриҳо мехостам шахси бетараф аз матбуот иштирок кунад ва барои ҳамин даҳҳо маротиба ба даргоҳи кумитаи телевизион ва радиоро охурча карда, бо аризаву телеграммаҳоям журналистонро ин ҷо даъват кардаам. Охир ӯ ба ман шинос нест, ба ҷуз ин тақдири ман дар дасти журналистон нест-ку. Баръакс тақдирам аз шумоён вобаста асту дар дасти ҳақиқат аст.

-Мо мефаҳмем, - суханамро бурид ҷонишини раиси суд Мамадова, - охир онҳо намефаҳманд, ки талабашон ғайриқонунист. Мо танҳо ҳаминро мехоҳем, ки фақат ҳамин рӯз корро бе иштироки камераю журналистон ба роҳ гузорем, баъд рӯзҳои дигар худамон иҷозат медиҳем. Ҳозир агар бо гуфти шумо амал кунем, боз чун дафъаи гузашта онҳо талаб пеш мегузоранду судро вайрон мекунанду мераванд. Мо бе иштироки як тараф наметавонем, ҳалнома барорем, шумо ҳолати моро фаҳмед, - бо оҳанги латифу меҳрубонӣ ба чашмам нигоҳашро дӯхта хитоб кард Мамадова.

пешина
аз 385
навбатӣ