Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ниҳоят ба таклифу дархости сарварони суд розӣ шудам. То саршавии суду мурофиаи суд чанд дақиқаи бошумор монда буд, ки ба назди тирезаи долони суд омада, ба берун назар духтам. Дилам пур аз аламу дард буд. Ба кӯча нигоҳ кардам, ки ҳавои сард аз дили ман ҳам ториктар буд. Бар замми ин тумани ғафс ҳукмфармо буд. Аз хунукии ҳаво касе дар кӯча наменамоид. Сукути кӯчаро шуввоси шамоли сард халадор мекарду халос. Аҷиб буд, ки ба чашмам касе аз мардум намудор нагашт. Ба назарам чунин намуд, ки гӯё ҳама беташвишу кашмакашу ғавго дар хонаи гармашон дар иҳотаи фарзандону оилаашон кайфу сафо карда нишастаанду ман бошам ин ҷо дар байни издиҳоми бетараҳҳуме даъвои ҳақиқатҷӯӣ мекунам.
Гиря гулӯгирам кард. Кай ин даву гечу сарсониҳои ман ба итмом мерасида бошад. Вақте имрӯз тақдир маро бори саввум ба суди ноҳияи Конибодом ҳавола кард, дилам аз аламҳо фишор хӯрд. Ба сарам ҳар гуна суолҳо пайи ҳам омад, ки чаро ман ба чунин мусибати бардавом афтодаам? Хостам ба ин суол худам аз хештан посух ҷӯям:
Шояд аз он бошад, ки ман тамаллуқкорӣ карда наметавонам? Шояд аз он хотир бошад, ки мисли баъзеҳо номуси худро фурӯхта, пораву ришва намедиҳам? Сарам ба дард даромад. Зеро ба суолам посух ҷустан маро боз ба кӯчаи сарбастаи саволборон тела кард.
Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,
Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун!
Ба худ борҳо гуфтам, ки чӣ гуноҳе кардам, ки дар дили ин шӯрмардони ҳамманзилу ҳамзабону ҳамдину ҳамкору ҳамнишин тухми кинаву разолат ва ҷаҳолат нашъунамо дорад? Асрори аслӣ чист, ки ин қадар муқобили ман, як зани заъифи модари се фарзанди ноболиғ ин қадар пофишорона мубориза мебаранд? Худованд шоҳид, ки муддати кориям ягон бор тартиботи кориро вайрон кардаам. Мисли дигарон, ки калламуш барин ҳама молу маноли ҷамъияту давлатро ба хонаашон мекашонанд, накашонидаам. Баръакс пеши роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё