Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

аниқтараш аз 13 то 18 январ рӯзҳои гувоҳу исботу дигар баҳсҳо буд. Феълан дафтари хотиротамро варақ мезанаму маҳз ин санаҳои рӯзи умри гузаштаамро чун сафҳаҳои доғдори сарнавиштам мебинам. Разолат, қабоҳат, дурӯғу найранг ва дигар пасттарин хислатҳои инсонӣ, ки қатор кардани ҳамаи он қароҳат аз рӯи инсонигарӣ нест, ман шахсан аз ҷониби баромадкунандагон-ҷавобгарони масъулини завод дидам. Мехоҳам як ба як ҳар ҳарфи баромади эшонро рӯи қоғаз биёварам. Аммо бовар дорам, ки барои хонандаи арҷманд мутолиаи ин гуна ноҷавомардиҳои се шермард он қадар хушоянд нахоҳад буд. Агар иҷборан ҳам бинвисам, қалам оҷиз мемонад ва дар баъзе ҳолат ба ноинсофии зоти инсонӣ шарманда мешавад. Қалам низ аз тасвири он рӯзи як идда кӯрдилу каҷбину каҷрафтору каҷнишину каҷгуфтору каҷпиндору... саркашӣ мекунад.

Кони фарҳангему ҳангемон намонд,
Фахри таърихему бепову сарем.
Дигаре гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
Дигарон бар ғосибон зӯроваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯроварем.

Ман дигар аз қабоҳату фарти ҳақорати эшон чизе намегӯям. Аммо то ба ҳанӯз худ аз худ чеҳраҳои эшонро пеши назар меоварам ва ба эшон хитобан суол медиҳам:

Магар шумо аз фарзандону наводагони миллати тоҷик буданатонро фаромӯш кардед? Он карру фарру тоҷикбадбиниатон, ки боиси зӯрану рӯҳан куштани ормони ниёгон дар ботини тифлҳои маъсум буд, ин ки замоне аз ленинизму дарвинизм бо ҳарорату муҳаббат сухан мерондеду дину оини ҳазорсолаи миллатро афюн мегуфтед ва инак дар султаи сулҳу оромиш чӣ гуна дар минбарҳо аз ҳуввияти миллӣ ҳарф мезанед? Ҳанӯз чеҳраи шумоёнро мебинаму шигифтам меояд, ки бо тақозои замона ва сиёсати сулҳҷӯёнаву боимонии

пешина
аз 385
навбатӣ