Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна ҷомаҳои худро дигар кардаеду мисли сӯфии соф аз дину мазҳаби поки ҳанафӣ ҷор мезанед? Магар шарм намедоред, маро замоне, ки аз панду ҳикмати ниёгон ва оини поки ислом ҳарф мезадам, одами қадима аз асри ҳабдаҳу ҳаждаҳ монда мулаққаб кардед ва инак имрӯз, ки қофияи кор танг омадааст, ба рӯям иқрор шудед, ки ман не, балки худи шумоён аз замона дусад сол қафо мондаед? Хулосаи ман яктост: Ҳар давру замона ва ҳар гуна давлатдорӣ султони кишварро ба даст гирад, шумо ҳамоно метавонед моҳирона бо ҳуққабозиву шайёдиву найрангу дағобозӣ ҷомаи мусоидро дигар кунеду боз ситоишгари ҳамон давр шуда, кордатон ҳамоно рӯи равған боқӣ хоҳад монд. Шумо ҳеҷ гоҳ худрову Худоро намешиносед. Ва ҳамин гуна кӯру карру гунгу ҷоҳил дар иҳотаи тӯдаи мисли худатон боқӣ хоҳед монд. Ба сабурии ин замин аламам меояд. Агар ва шояд ихтиёри заминро Худованд ба дасти ягон бандаи худотарстарину меҳрубонтарин низ месупорид, итминон дорам, ки ҷони шуморо як лаҳза амон намедод. Дарҳол дармекашид. Шукр кунед, ки ихтиёри замин ба дасти худи Худованди яктосту ба шумо фурсати тавба ато фармудааст ва хеле раҳмону раҳим аст.
Хонандаи бисёр арҷманди ин сатрҳо, узр мехоҳам, ки хотири поки туро ба ёди он рӯз махлуту дилатро хиҷил сохта, аз асли воқеа андак қантур рафтам.
Хулоса, суд ба як минвол давом дошт, ки гуфтан мумкин табъи муқобилони маро хеле хира сохт. Ҳар чӣ аз сарам гузашта буд, ҳангоми бозпурсӣ гуфтам. Аз он ки маро масхаравор чор маротиба аз вазифа сабукдӯш кардандӯ чор маротиба боз ба корам барқарор карданд, беибо гуфтам. Аз он ки ҳарифони ман бо кӯмаки раиси адлияи вилоят Абдураҳмонов (бадбахтона Абдураҳмонов на танҳо ҳамшаҳрӣ балки ҳаммаҳаллагии падариам низ буд) коллегияи қарори суди граждании вилоятро тавассути президиуми суди вилояти Ленинобод бекор кардаанду инак, тақдири маро ба суди ноҳияи Конибодом ҳавола сохтаанд, бе пардаву ҷасурона як ба як баён сохтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё