Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ман бо иҷозати суд дар минбар сухан мегуфтам, Эшонову Солиев ва Тӯхтаев чуқ-чуқ кунон, гӯё маро истеҳзо доданд. На як бору ду бор, балки дар охири ҳар як ҷумлаам онҳо ин амалашонро махсус такрор мекарданд, зеро медонистанд, ки бо ин кор асаби ман хароб мешаваду рӯҳам шикаста. Аммо ман сабр пеша кардам. Ин буд, ки прокурор Аҳмедов аз ҷояш хесту онҳоро бо сухани обдор танбеҳ дод. Судя Мамадова низ огоҳӣ дод, ки бори дигар ин амалашон такрор шавад, аз толори суд ронда, бидуни иштироки онҳо ҳалномаро мебарорад.

Пас аз саволу ҷавобу рӯ ба рӯкунӣ ва гувоҳӣ инак сухан ба ҷонишини директор Эшонов расид. Инак салоҳ медонам, гуфтаҳои ӯро дар минбари суд ин ҷо биёварам

-Мо Исомаддиноваро бо як умед бо тарзи конкурс ба вазифаи мудирӣ оварда будем, ки кори таълиму тарбия беҳтар шаваду гурӯҳбозиҳо дар боғча камтар шавад гуфта.- Эшонов як бор ба судя нигоҳ мекарду бори дигар ба рӯи ман.- Аз ин сабаб аввал мо ба мӯҳлати 2 моҳ мӯҳлати озмун-испитательний срок ин касро ба кор қабул кардем. Дар ҳақиқат аз рӯзи нахуст як гурӯҳ ин касро нахоста, бисёр ҷангу ҷанҷол ва навис-навис шуда, вазъияти боғча бад шуд. Дар мӯҳлати ду моҳ бо чунин сабабҳо Исомаддинова кори худашро нишон дода натавонист. Мо ҳамаи инро ба назар гирифта, мӯҳлати озмунро ба як сол дароз кардем. Рости гап дар мӯҳлати як сол кор ба ҷои пешравӣ баръакс ба пастнокӣ рафт. Аризабозию шикоятнависиҳо ба дараҷаи олӣ расид, он як қисми гурӯҳ аз Исомаддинова монданӣ надоштанду Исомаддинова аз онҳо. Ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол, милисабозӣ, комиссиябозӣ. Дар масъалаи кадрҳо бошад, гап не, аз як методист, рус бошад ҳам ду методист дорад боғча, шароитҳо хуб, кадрҳояш ҳам беҷо не, аммо Исомаддинова бо онҳо муросо карда натавонист. Дар асоси программаи ягона кор бурдан нахост, асосаш он программаи ягона, ки тамоми кӯдакистонҳои иттифоқу ҷумҳуриҳо маъқулаш хонда, кор мебаранду аммо ин кас онро маъқул намешуморанд. Ба ҷои

пешина
аз 385
навбатӣ